Патологияи географи, яке аа сохадои тиб аст, ки конунияти дар минтакаи гуногуни географи ба вучуд омадан, пахн шудан ва чараён гирифтани беморихоро вобаста ба таъсири омилхои табии ва ичтимоию иктисодии мардум меомузад Истилохи Патологияи географиро олими немис А. Хирш соли 1858 чори кардааст. Дар СССР Патологияи географи бо номхои патологияи- кишвари ва тибби кишвари ба вучуд омада, ривоч ёфт. Тахкурсии Патологияи географиро хакимони маъруфи точик Абуалии Сино, Ис моили Чурчони ва дигар сохтаанд. Дар китобхои <Ал-Конун>> ва «Захираи хоразмшохи» рочеъ ба Патологияи географи, яъне ба саломати чи гуна таъсир доштани омилхои географи ва иклими (баландию пасти, биёбону кухистон, шароити шимолу чануб, гармию сарди, намию хушки ва гайра), урфу одат, тарзи зиндаги фикру андешахои одилона зикр ёфтаанд.
Дар такмилу тараккии Патологияи географи олимони рус ва совети В. И. Вернадский, Г; М. Данишевский, Д. К. Заболотный, Е. Н. Павловский, Н. Н. Спротинин ва дигар сахми калон гузоштанд. Азбаски дар CСCP халку миллатхои сершумор зиндаги мекунанд, таракки додани Патологияи географи ахамияти багоят калон дорад. Дар Осиёи Миёна Патологияи географиро П. Ф. Боровский, Н. И. Исмоилов, Л. М. Исоев, дар Точикистон бошад, X. Ц. Гаджиев, Е. Н. Павловский, П. В. Сиповский, М. Ц. Кулматов ва дигар ривоч доданд. Олимони Точикистон, дар катори тадкикоти зиёде вобастагии пайдоиши саратони дахону забон ба носкаши, саратони сурхруда ба истеъмоли хуроку нушокии гарми чушон, руй додани касалии чогар аз кам будани йод дар обу хок, вайроншавии мубодилаи моддахо ва хазми хурок ба сабаби рузадори ва дигар масъалахоро муайян намуданд.
Дар натикаи ба кулли бехтар гардидани шароити ичтимои, болоравии савияи мадани ва маишии халк, комёбихои нигахдории тандурусти дар республика бисёр беморихои кишвари ва ичтимоии мероси, алалхусус, безгаку чечак, риштаю пашахурда, хунноку трахома, беморихои пусту муйсар. боди сиёху кулгуна ва гайра кариб тамоман бархам хурданд.
Адабиёт: Вопросы краевой медицины, мачмуъа, Ташкент, 1965; А в ц ы н А. П„ Введение в географическую патологию. Москва„ 1972; Географическая патология Узбекистана, мачмуъа., Ташкент, 1975. Москва.