Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Папирусхои математики

Папирусхои математики

Папирусхои математики, ёдгорихои илмии Мисри Кадим, ки ба асрхои 21—18 то мелод мансубанд. Маъмултарини Папирусхои математики папируси Ринд (дар музеи Британия) ва папируси Москва (дар Музеи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин) аст.

Папируси Риндаз номи со­хиби он — мисршинос А. Ринд (Rhind) бори аввал аз тарафи ма­тематики немис А. Эйзенлор тадкик ва соли 1877 нашр шудааст. Папируси Ринд аз мачмуи халхои 84 масъалае, ки татбики амали доштанд иборат аст; ин масъалахо ба ичрои амалхо бар касрхо, муайян кардани масохати росткунча, секунда, трапетсия ва доира, хачми параллелепипед ва силиндр, халли масъалахои ариф­метики ва гайра доиранд. Вале дар он ягон коидаи умумии халли ин масъ­алахо дода нашудааст.

Папируси Москваро мисршиносон Б. А. Тураев (1917) ва В. В. Струве (1927) омухтаанд; соли 1930 ба забони немиси пурра нашр шуда­аст. Он усулхои халли 25 масъалаеро, ки ба масъалахои папируси Ринд монанданд, дарбар мегирад. Омузиши Папируси математики аз вазъи илми мате­матика дар Мисри Кадим маълумот медихад.

Ад.: Выгодский М. Я., Арифмети­ка и алгебра в древнем мире, 2 изд.. М.. 1967.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.