Палатаи тичорати, п а л а т а и с а в д о, ташкилоти чамъиятиест, ки ба инкишофи муносибатхои иктисоди, хусусан савдои берунаи байни мамлакатхои гуногун мусоидат мекунад. Палатаи тичорати дар хар як мамлакат аз руи Устав муайян карда мешавад, ки он тартиби ташкилёбии органхои роххбари ва вазифахои онхоро муайян менамояд.
Палатаи тичорати дар мамлакатхои сотсиалисти намоишхо ташкил намуда, дар намоишхои байналхалки иштирок мекунад, оид ба пайдоиши молхо сертификатхо медихад, экспертизахои сифатин молро мегузаронад, дар хал ва бартараф намудани масъалахои бахсталаби тичорати беруна, шартномахо ва гайра иштирок мекунад.
Палатаи тичорати м а м л а к а т х о и к а п и т а л и с т и яке аз шаклхои мутахидгардонии доирахои тичоратию саноатии он мамлакатхост. Вазифаи Палатаи тичорат: муайян намудани конъюктураи савдо ва саноат, дарёфтани бозор барои фуруши мол, аз масъалахои иктисоди хабардор карда истодани аъзоёни худ ва гайра. Аз чихати хукук Палатаи тичорати мамлакатхои капиталисти ду навъ мешавад: ассотсиатсияи хусуси, ки дар асоси аъзоии ихтиёри ташкил меёбад ва ташкилоти характери давлатидошта.
П а л а т а и байналхалкии т и ч ор а т и (ПБТ), ки соли 1920 таъсис ёфтааст, ташкилоти гайридавлати буда, доирахои сармоядорон ва фирмахои 88 мамлакатро муттахид мекунад. Вазифаи асосии он: мусоидат намудан ба бехтаршавии шароити савдои байни мамлакатхои гуногун ва халки проблемахои иктисодии байналхалкист. Кароргохаш шахри Париж аст. Намояндагони Палатаи тичоратии СССР,. РХБ, РХВ, РХП, РСР, РСЧС ва РДГ дар конгрессхои ПБТ ба сифати мушохидачиён ва инчунин дар кори Комитети махсус оид ба робитахои ПБТ бо Палатаи тичоратии мамлакатхои сотсиалисти иштирок менамоянд.