ПУШКИН Александр Сергеевич (6. 6. 1799, Москва—10. 2. 1837, Петербург), шоир, асосгузори адабиёти нави рус. Аз оилаи дворянини миёнахол. Аввалин кувваозмоихои Пушкин дар шеър ба давраи бачагии у рост меоянд. Солхои тахсил дар литсеи Сарское Село дар шоири шухрат ёфт. Барои литсеи Сарское Соло, ки Пушкин соли 1811 ба он дохил шудааст, интишори гояхои озодихохи хос буд. Ба равнаки афкори револютсиони ва ватанхохи Чанги ватании соли 1812 низ мусоидат кард ва дар нахустин шеърхои Пушкин таъсини муфиде гузошт («Хотирахо дар бораи Сарское Село», 1814; «Шахрча», «Гул», 1815; «Хоб», «Орзу», «Ба дустон», 1816 ва гайра). Пушкин бо чамоаи адабии Н. М. Карамзин ва сонитар бо П. Я. Чаадаев робита пайдо кард. Дар шеърхои ин давра (1817—1820) тасвири зиндагии туфонии шоири чавон ва чавонони Петербург мавкеи калон дорад. Рухи озодидусти ва лиризми нарм, омезиши анъана ва навпардозихои далеронаи романтики ба ашъори Пушкин («Ба Чаадаев», «Ба Жуковский», 1818; «Тачаддуд», 1819) хусни нав бахшиданд. Пушкин дар ин солхо ба достонсарои ру оварда, тадричан ба кашфиётхои нодир ва маргубе расидааст, ки зимни таъсири сюжет ва мазмунхои барои адабиёти рус нав дар сабки нотакроре сурат гирифтаанд. Аввалин достони шоир «Руслан ва Людмила» (1820) ифодаи андешахои лирики дар сюжети фусунгари шарки, бойгарии забони руси ва рухи романтикии вай аст. Пушкин дар ин достон ба воситаи образхои афсонави рухи замонро мохирона ифода кардааст. Мавзуи Шарк ва истифодаи мазмунхои романтикии рузгари пурошуби мардуми ин кишвархо дар эчодиёти Пушкин бештар чой гирифта, пас аз сафари у ба Кавказу Крим заминаи хасти пайдо мекунад.
Навари фалсафи ба таърих ва тачрибаи пешкадаму ибратбахши халкхои Европа минбаъд боз хам амик меравад (повестхои «Дубровский», 1832; «Таърихи Пугачёв», 1833; достони «Мисинсавор», 1833; «Модкаи карамашок», 1833; «Шабхои Миср», 1835; «Духтари капитан», 1833—1836). П.ушкин ба эчодиёти шифохии халк мароки калон дошт. Бисёр асархои у дар асоси киссаву ривоятхои халки ва афсонахои дояаш офарида шудаанд («Киссаи поп ва хизматгори у Ландахур», «Афсонаи шох Султон», «Киссаи шохдухтари мурда ва хафт пахлавон», «Киссаи мохигир ва мохии тилло»). Миёнаи соли 1830 дар доирахои адабиву илми ба асархои барчастаи Пушкин бахои нодуруст доданд, ки ин шоирро хеле рухафтода кард. Дар шеърхои «Фурсат расид, дусти ман, фурсат» (1834), «Мусофир» (1835) ва гайра натичаи хамин рухафтодагиро дидан мумкии аст. Соли 1836 Пушкин ба таъсиси журнали «Современник» ва дар атрофи он гун кардани бехтарин куввахои адаби муваффак мешавад. Чанде пеш аз марги фочиавии худ Пушкин «Кохи ёдгор»-ро навишт, ки ба шеъру манзумахои дар ин мазмун офаридаи Гомер ва Фирдавси хамоханг аст.
Пушкин ба адабиёти классикии фарс-точик таваччуди хосе дошта, дар таъсири эчодиёти Фирдавси, Саъди, Хофиз ва дигар, ки осорашон тавассути тарчумахо ба забонхои руси ва аврупои дастраси у буданд, достонхо («Руслан ва Людмила», «Фонтани Богчасарои») ва шеърхо («Ангур», 1824; «Эй гулдухтар…» 1824, «Булбул ва гул», 1827; «Дар давои форами фавворахо», 1828; «Аз Хофиз», 1829 ва гайра) сурудааст. Пас аз таълифи «Фонтани Богчасарой», ки он чо порчае аз Саъди хамчун эпиграф омадааст, зиёиёни рус Пушкинро «Саъдии давони мо» мегуфтанд. Пушкин на танхо аз мазмуну мавзуъхо, воситахои бадеии адабиёти классикии форс-точик, балки аз навъхои адабии он, махсусан, газал истифода бурдааст. Эчодиёти Пушкин, ки дастовардхои адабиёт ва санъати чахониро ба таври наве чамъбаст кардааст, ибрати карнхо ва халкхо, даврахо ва мархилахои нави инкишофи чамъият мебошад. Тачрибаи эчодии Пушкин ба мархилаи нави инкишофи адабиёт ва санъит, ки минбаъд бо номи эстетикаи реалисти нуфуз пайдо кард, асоси мустахкам ва навписандона гузоштааст. Аз реализми Пушкин на танхо М. Лермонтов, П. Гогол, И. Тургенев, И. Некрасов, Л. Толстой, А. Чехов барин классикони адабиёт ба майдон омадаанд, балки ин тачриба самти чустучухой адабиёти халкхои гуногун, адабиёт ва санъати чахонро низ муайян кардааст. Бисёр жанрхои реалисти: романи таърихи, повести фалсафи, очерк ва драматургия, инчунин давраи нави инкишофи забони адабии рус ва тавоноии он аз Пушкин ибтидо меёбад. Дастовардхои у дар тадкики бадеии таърих, ки тавассути методи реалисти ва аз назари таърихшиносии илми сурат гирифтааст, барои бисёр халкхо намунаи ибрат мебошад. Гуманизми Пушкин, гояхои баланди асархои у имруз ба халкхои дигар рух мебахшанд, ба нависандагони гуногуни олам илхом медиханд. Бештар аз 80 сол аст, ки асархои Пушкин ба забони точики тарчума гардида, ба шакли мунтахабу мачмуа, чилдхои алохидаи шеъру достон нашр мешаванд. А. Лохути ва Х. Юсуфи, М. Турсунзода ва М. Рахими, С. Улугзода ва М. Фардату Ш. Лоик дар мархилахои гуногуни инкишофи адабиёти советии точик ба тарчумаи Пушкин машгул шудаанд.
Афсонаи Пушкин «Киссаи мохигир ва мохиии тилло» дар рузхои чашнгирии 100-солгии шоир (1899) ба точики тарчума шуда (мутарчим Адчзи), дар мактаби усули нави Абдукодири Шакури омузонида мешуд. Охири солхои 20 ва ибтидои солхои 30, махсусан дар 5—6 соли пас аз Съезди 1-уми нависандагони СССР асархои зиёди Пушкин ба точики тарчума ва нашр шудаанд. «Духтари капитан», «Киссаи поп ва хизматгори у Ландахур», «Киссаи шох Султон», «Киссаи мохигир ва мохири тилло», повестхои «Модкаи карамашок», «Дубровский», «Хикояхои Белкин», «Бандии Кавказ», «Бурон», «Борис Годунов», «Фонтани Богчасарой», «Киссаи шохдухтари мурда ва хафт пахлавон», «Бародарони горатгар», «Полтава» дар шакли китобхои алохида ба табъ расидаанд. Соли 1947 бо номи «Чанд асар» бо мукаддима ва дар тарчумаи А. Лохути асархои Пушкин— «Дар хавои дилкаши фавворахо», «Кохи ёдгор», «Достони Олеги дилогох», «Мотсарт ва Салери», «Мисинсавор», «Киссаи мохигир ва мохии тилло» ва соли 1949 асархоя Пушкин дар ду чилд ба забони точики интишор ёфтанд. Романи манзуми П. «Евгений Онегин» соли 1967 (тарч. М. Фархат) ба забони точики чоп шуд. Бештари асархои Пушкин ба программаи таълими мактабхои точики даромадаанд. Пушкин дар шеъру достонхои шоирони точик С. Айни, А. Лохути, М. Турсунзода, М. Миршакар, Х. Юсуфи, М. Фархат ва дигарон тараннум шудааст. Тачрибаи эчодии Пушкин ба кувват додани чустучуй имкониятхои адабиёти милли, анъанахои бойи эчодиёти лафзии халк, эхсосу идроки бойгарии реализм ва инкишофи он дар заминаи милли мусоидат намудааст. Дар Точикистон Театри драмаи мусикии Ленинобод, бисёр кучаву мактабхо мансуб ба номи Пушкин мебошанд.
Тасвир дар сахифаи 128—129.
Ос.; Кохи ёдгор. Шеърхо ва поэмахо. Д., 1976; Полное собрание сочинений в 10-и томах, М., 1959—62.
Ад.: Хусейнзода Ш., Пушкин ва шоиронн точик, дар кит. у: Бахс ва андеша, Д.. 1965; Юсуфи Х., Пушкин ва Байрон, дар кит. у: Рохи нотамом, Д., 1973; Шодикулов X., Кохи ёдгор, ж. «Садои Шарк», 1974, Брюсов В., Мой Пушкин, М,—Л., 1929; Мейлах Б., Пушкин и его эпоха, М., 1958; Степанов Н., Лирика Пушкина, М., 1959; квмон м у а л л., Проза Пушкина, М. 1962; Пушкин в странах зарубежного Востока, М., 1979. Х. Шодикулов.