Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПХОИ ВАРИАТСИОНИИ МЕХАНИКА

ПРИНСИПХОИ ВАРИАТСИОНИИ МЕХАНИКА

ПРИНСИПХОИ ВАРИАТСИОНИИ МЕХАНИКА, ду принсипи механикаро гуянд, ни конуниятхои умумии ходисахои механикиро тав­сиф медиданд; бо ёрии ин конуниятхо муодилахои харакат (б худ холати мувозинатии) системахои ме­ханикиро хосил мекунанд. Принсипихои вариатсионии механика бо муодилахое, ки координата, суръат ва тезшавии вариатсионии нуктаро дарбар мегиранд, ифода меёбанд: дифференсиали ва интеграли мешаванд. Принсипхои вариатсионии  дифференсиалии механика хусусиятхои харакатхои хакикии системаро дар лахзахои ихтиёрии вакт тавсиф медиханд, принсипхои вариатсионии интегралии механика хусу­сиятхои харакатхои хакикии систе­маро дар фосилахои махдуди вакт тавсиф медиданд. Принсипихои вариатсионии механика инчунин барои хосил кардани муодилахои соддаи харакати системаро ифодакунанда ва барои тадкики хосиятхои умумии ин харакатхо истифода мешаванд. Принсипихои вариатсионии механикаро баъд аз чанде умумигардони дар механикаи мухити яклухт, термодинамика, электродинамика, назарияи нисбият, ме­ханикам кванти ва сохахои дигари илм татбик менамоянд.

Ад.: Бухгольц Н. Н., Основной курс теоретической механики, М., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …