Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Таймир

Округи Автономии Таймир

Округи Автономии Таймир (Долгану Ненесхшо), дар хайа- ти кишвари Краснояри РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Дар Доираи Кутби Шимоли вокеъ аст. Аз Шимол онро бахрхои Кара ва Лаптевхо ихота кардаанд. Масохат  862,1 хазор километр2. Ахолиаш 44 хазор нафар (1979), асосан русхо, инчунин долганхо, ненесхо, нганасанхо, энсхо. Зичии ахоли дар 1 километр2 0,05 нафар.

Ба 3 райони маъмури таксим шуда, 1 шахр ва 1 посёлкаи типи шахр дорад. Марказаш шахри Дудинка. Дар худуди Округи автономии Таймир райони маъдани Норилск вокеъ гардидааст. Территорияи Округи автономии Таймир нимчазираи Таймыр (бо чазирахои   байни халичхои Енисей ва Хатанга), кисми шимол пуштакухи Сибири Миёна, галачазираи Замини Шимолиро дарбар мегирад. Дар чануби гарбии он як кисми хамвории Сибири Гарби чойгир аст. Сарватхои зеризамини: мису никел (Норилск), ангиштсанг, газ ва гайра. Дар шимол Округи автономии Таймир  хавзаи калони ангиштсанги Таймир мавчуд аст.

Иклим, зимистонаш хеле хунук (харорати миёнаи январ дар Дудин­ка такрибан—30*С), тобистонаш кутохи салкин. Рузхои офтоби хеле кам, хавояш сернам, тамоми сол шамоли сахт мевазад. Харорати ми­ёнаи июл 2—13%. Боришоти солона 110 —350 милиметр. Давраи нашви рас­тани 40—80 шаборуз. Мавзеи яхбанди хе­ле васеъ аст. Дарёхои калон: Енисей, Пясина, Хатанга; кулхои калон: Таймир, Лама, Пясино ва гайра.

Дар зонаи арктики кариб тамоман ушна нест, гулсангу буттазор хеле кам. Дар кисми тундрави бутта­зорхои тундрави, туси шимоли, мачнунбед, ушна, гулсанг, алаф меруянд. Дар водии Хатанга чангалхои арчаю тус ва гайра зиёданд. Масохати калонро ушна ишгол кардааст, ки хуроки гавазн мебо­шад. Аз олами хайвонот гавазни ши­моли, гусфанди кухи, рубохи шимоли, гург, кокум, харгуш, аз паррандахо буми сафед, кабки сафед ва тундрави вомехуранд. Тобистон ба инхо мургобихо, козхо, кувон, та­га рахо ва дигар паррандахо меоянд. Аз мохихои кимати сайдшаванда озодмохи ва тосмохи мавчуданд. Дар бахрхо тюлен, морж, белуха, дар яххо хирси сафед зиндаги маеку нанд.

Дар сохилхои дарёхои Попигай ва Хатангаи нимчазираи Таймир нишонахои зиндагии одамони давраи нео­лит ёфт шуданд. Аз охири хазораи 1 милод дар территорияи Таймир кабилахои самодии — ачдодони халкхои хозираи ин чо (долганхо, ненесхо ва дигар) маскун шуданд. Ахолии махалли хаёти кучманчиги ба cap бур­да, бо гавазнпарвари, шикору мохигири машгул буд.

Русхо ба нимчазира аввалин бор дар миёнаи асри 16 ва баъд дар ибтидои асри 17 омаданд, Онхо бошишгоххои зимистона ва дехахо месохтанд, бештар бо саноат ва савдо машгул буданд. Тарзи зиндагии кучманчиги, камбагали, касалихо сабаби талафоти калони ахоли мегардид. Таъминоти ахолии Таймир дар дасти савдогарон буд. Бинобар ин зиндагии ахолии махалли ба онхо вобастаги дошт. Хамрох шуданн халкхои Таймир ба пмперияи Россия capфи назар аз сиёсати мустамликадори, суръати тараккиёти иктисодии махалро тезонд.

Пас аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр хануз дар Таймир Хокимияти Совети баркарор нашуда буд. Факат баъди торумор карда шудани дастахои Колчак тобистони 1920 дар Таймир Хокимияти Совети барпо карда шуд. Охири соли 1920 дар Округи автономии Таймир иттиходияхои истехсоли барпо карда шуданд, ки баъд онхо ба артелхои косиби табдил ёфтанд.

Пешрафти сохахои на­ви хочаги ахолии Таймирро ба хаёти мукими овард. Соли 1930 дар Уст- Порт (дарёи Енисей) заводи консерви мохи сохта шуд. Солхои 1930 савдои давлатию кооперативи вусьат ёфта, колхозу совхозхо ташкил шуданд. Ба ту­файли кушода шудани Рохи Бахрии Шимоли хаёти мардуми Таймир, иктисодиёт ва маданияти он ба кулли тагйир ёфт. Бо карори Президиуми КИМ-и Умумироссия аз 10 декабри 1930 округи миллии Таймир (Долгану Ненесхо) таъсис ёфт ва маркази он Дудинка муайян гардид (аз соли 1977 Округи автономии Таймир).

Халкхои Таймир дар солхои Хокимияти Совети сохти капиталистиро аз cap гуузаронида, аз шаклхои хочагидории чамоаи ибтидои ба сотсиализм гузаштанд. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани халкхои ин сарзамин дар акибгох мехнат мекарданд ва дар фронтхо мечангиданд. Округи автономии Таймир  бо Ордени Байраки Сурхи Мехнат (1973) ва ордени Дус­тии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Дар истехсолоти саноатии Округи автономии Таймир саноати маъдан ва мохигири чои асосиро ишгол менамоянд. Гавазнпарвари, шикори хайвони муинадор ва мохигири сохахои анъанавии хочаги аст. Инчунин чорвои ширдех ва хайвонхои муинадор парвариш карда мешаванд. Манбаи энергетикиаш: ГЭС-и Хатанга ва ТЭЦ, ки бо ангишт кор мекунад. Ангишт ва газ истехсол карда мешавад.

Металлургияи ранга таракки кардааст (комбинати металлургияи кухии шахри Но­рилск). Соли 1978 дар Округи автономии Таймир 14 сов­хоз буд. 3аводхои коркарди мохи дар Дудинка, Хатанга ва Уст-Порт вокеанд. Соли 1978 1664 гов, 320 хук ва 88 хазор cap гавазни шимоли дошт. Наклиёти асосии округ: дарёи (асосан бо дарёи Енисей), бахри (бо Рохи Бахрии Шимоли), хавои ва рохи охан Бандархои асоси: Дудинка, Диксон, Хатан­га, Газопроводи Мессояха — Но­рилск гузаронида шудааст.

Соли тахсили 1978/79 дар Округи автономии Таймир 28 мактаби маълумоти умуми (8,7 хазор нафар талаба), техникуми ветеринари (334 хонанда), 44 муассисаи томактаби (3162 нафар кудак), 3 китобхонаи оммави, музеи кишваршиносии округ, 40 клуб, 44 дастгохи филмнишондихи кор мекарданд. Газетаи округии «Советский Тай­мыр» («Таймири совети», аз соли 1932) нашр мешавад. Программахои радиои маркази ва радиои кишвар шунавонда мешаванд. Радиошунавонии округи ба забони руси, ненеси, дол­гам ва нганасани аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …