Маълумоти охирин

Оинакори

Оинакори, мачмуи корхои бинокорист, ки ба максади оинабандии дару тиреза, витринаву чарогхои танвирии бинову иншоот ва гайра ичро карда мешавад. Дар вакти Оинакори навъхои гуногуни шиша (шишаи тиреза. шишаи витрина, шишаи рахдор. шишаи ранга ва гайра), инчунин шишаблокхову «шишапакетхоро истифода мебаранд. Оинакори асосан аз ду мархила иборат аст: буридани шиша мувофики андозахои матлуб; шинондану махкам кардани шиша ба чойхои даркори.

Дар замони хозира, ки бинокори асосан конструксияхои калони васл- шавандаро истифода мебарад. ода­тан оинаи дару тирезахоро якбора дар заводхои хонасози мешинонанд. Мавриди истифодаи чорчубахои стандарти шишахои андозаашоп якхеларо дар заводхои шиша тайёр мекунанд. Шишахои андозахояшон гайристандартиро дар устохонахои марказии объекти сохтмон мебуранд.

Шишахоро вобаста ба намуди Оинакори, масолехи чорчуба ва гайра бо усухои гуногун шинондан мумкин аст. Ба ин максад хамирахои гуногун (бур, битум, белила ва гайра), мастика, магзихои чандир (резина, пластмасса, каучук) истифода мешаванд. Барои шинондани шишахои калон (масалан, шишаи витринахо) тачхизоти гуно­гуни техникаи сохтмонро ба кор ме­баранд. Шишаблокхоро (чун дар мавриди чидани хишту санг) бо махлули семент мешинонанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …