Маълумоти охирин

Нотанависи

Нотанависи, нотатсия, систе­маи аломатхои хаттии шартист, ки усули навишти хос дошта, овозхои мусикиро ифода мекунад. Усули Нотанависи имруза махсули чустучуйхои зиёди илми ва амалин халкхои гуногун дар тули карнхо мебошад. Дар Мисри кадим овозхои мусикиро бо усули пиктографи (тасвири) ифода мекарданд. Дар Бобулистон усули идеографи (хузвориши)-и навишти овозхои мусикии бо ёрии хатхои ме­хи маъмул буд. Баъдтар барои ифо­даи овозхои мусики системаи харфиро истифода бурдаанд, ки он бидуни дарози танхо баландии овозро ифода мекард. Ин усул дар Юнони Кадим расм шуда, то асри 10 (яъне то вакти бо харфхои лотини иваз шудан) вучуд дошт. Ба системаи харфии Нотанависии Осиёи Миёна Абунасри Фороби (асри 10) асос гузоштааст, ки он нисбат ба усули Нотанависии Юнон хеле мукаммал буда, каторовозхои дар диапазони ду октава амалкунандаи созхои мусики (уд)-ро ифода ме­кард. Агар харфхои системаи мазкурро ба алифбои хозираи точики гардонда, баландии овозро дар нота акс намоем, чунин шакл мегирад:

Усули мазкур ва намудхои дигари Нотанависи, аз чумла аломатхои шарти — к р ю к х о и мусикии калисоии рус, бидуни хатхои нота навишта шуда, асосан баландии овозро ифода мекарданд. Дар асрхои миёна барои Нотанависи аломатхои махсус — н е в м х о маъмул гардид, ни он дар болои матн навишта шуда, барои дарки оханги суруд хизмат мекард. Невмхо баландии овозро дакик ифода карда наметавонистанд. Аз ин ру, дар асри 11 мусикишиноси италияви Гвидо д’ Арессо системаи хатхои нотаро (4 хат) кашф кард, ки он тимсоли усули Нотаи имруза мебошад. Дар даврахои минбаъда микдори хатхои нота ба 5 расида, чои невмхоро аломатхои нотавии хозира ишгол карданд. Дар такомули Нота табулатурахо, ки дар як катор мамлакатхо кабул гардида буд, мавкеи калон пайдо кард. Дар Осиёи Миёна  Адулмуъмини Урмави дар асоси пардахои уд ду навъи Нота— табулатураро офарид. Ин табу­латурахо шакли чадвалро (схема) дошт. Дар якумаш 9 давр — вобаста ба оханг дар шакли катакчахо ифода ёфта, пардахояш бо харфу ракам ишора шудааст. Схемаи мазкур дар алифбои хозира шакли зеринро мегирад.

Харфхои чадвал баландии овози оханг ва ракамхо — нисбатхои усули доираи «Сакили аввал»-ро иншон медиханд. Навъи дуюми табулатураи Абдулмуъмини Урмави (харф ва нуктахо дар катакхои уфуки чой гирифтаанд), аз понздах давр иборат аст. Як кисми табулатурахоро (се даври онро) ба алифбои имруза гар­донем, шакли чадвали зеринро мегирад: ниг. сах. 241.

Хар як даври оханг аз панч катор катакчахо иборат аст. Дар ка­такчахои катори якум баландии овозхои оханг (дар пардахои уд) бо харфхо, дар катакчахои катори дуюм нисбатхои нотави бо нуктахо ифода гардидаанд. Дар катакчахои се катори минбаъда дигаргунихои тоникаи оханг, холати навохтани оханг дар торхои уд ва тацсимв ваа- ну оханги шеър дода шудааст. Ив

усул имкон медихад, ки шуъбаи «Мухайяри Хусайни»-ро (дар мусикии асри 13 маълум буд) бо нотаи имруза ифода намоем:

Як катор нишонахои ин усули Нота дар «Чадвали танбур», ки нимаи дуюми асри 19 аз тарафи Комили Хоразми ихтироъ гардида буд, дида мешавад. Гайр аз ин, дар Шарк шакли дигари ифодаи овозхои мусики — адвор маъмул буд, ки дар он шаклхои махсуси зарб, усулхои доира, зиннахои парда ё макомхо бо харфхо ифода мегардиданд. Дар асрхои 17—18 аккордхоро бо ёрии ракам дар боло ё зери нотахои овози бас ё худ генерал бас менавиштанд. Дар ибтидои асри 20 баси ракамнок барои омузиши гармония истифода мешавад. Усули Нотаи хозира натичаи чустууйхои чандинасра буда, сарфи назар аз як катор норасоихояш аз тарафи ахли мусикии тамоми олам кабул шудааст. Нотахо дар панч рахи нотави (дар поён, байн ва болои раххо) навишта мешаванд. Аломатхои нотави аз руи дарози ва кутохиашон номхои зерин доранд:

  • — нотаи пурра

J — нотаи нпмпурра

J — нотаи чоряк

j> — нотаи хаштяк

/ — нотаи шонздахяк

J — нотаи сиюдуяк

Баландии овозро бо мифтох ифода мекунанд. Нотахо хафтто буда, дар мифтохи гижжак бо усули зерин чой гирифтаан:

Усули хозираи Нота дар сабти мусикии бои халк, офаридани асархои гуногунжанри мусики ва умуман таргиби санъати мусики мавкеи калон

дорад. Инчунин усули махсуси Нота барои нобиноён мавчуд аст, ки соли 1839 мусикишинос ва педагоги франсави Л. Брайл ихтироъ кардааст.

Ад.: Нюрнберг М., Нотная гпа*и. на, Л., 1953; Абдурахман ЛЩми Трактат о музыке, перевод А. Н. Болды­рева, ред. и комментарии В. М. Беляева Ташкент, I960.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …