Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носех Мирзо Араб

Носех Мирзо Араб

Носех Мирзо Араб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эрони (асри 17). Дар мавзеи Аббосободи Исфахон ба дунё омадааст. Дар зодгохаш касби камол намуда, сипас дар Табрез зиндагиву эчод кардааст. Аз ин ру, дар баъзе тазкирахо ба нисбаи «Табрези» ёд мешавад. Соиб ба Носех эътикоду эхтиром дошта, ба якчанд газали у чавоб гуфтааст ва аз эчодиёти у такрибан 100 байтро ба мачмуаи мураттабкардааш, ки «Баёзи Соиб» ном дорад, дохил кардааст.

Аз Носех якчанд газалу рубои ва абати пароканда тавассути «Баёзи Соиб» ва тазкираву баёзхои дигар дастрас гардидаанд. Дар газалиёт ва рубоиёташ ба мавзуъхои анъанавии адабиёти форс-точик — ишку вафо, танкиди шайху мухтасиб, папду насихат ва гайра даст задааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …