Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Навха Мулло Мухаммадсолех

Навха Мулло Мухаммадсолех

Навха Мулло Мухаммадсолех (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири точик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навха мувофики маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мухтарам дар замони таълифи тазкира бархаёт будааст. Навха сохиби хати хуб буда, бо китобат руз мегузаронид. Абёти бокимондаи шоир (дар тазкираву баёзхо) асосан аз газал ва рубои иборат аст. Газалхояш самими ва соддаву равонанд. Нахва дар шеърхояш аз зиндагии сахту кашшокона шикоят кардааст. Баъзе газалу рубоихояш дар мазаммати зохидону рухониён, васфи маю маъшука гуфта шуда, дорои охангхои ринди мебошанд. Дар як газалаш гуфтааст:

Наргиз сухан аз зохиди дилмурда

нагуям,

Тарсам, ки лабам хамчу лаби кур

шавад хушк.

Зохид бирав аз бог, ки чун мухраи

тасбех,

Аз чашми бадат донаи ангур шавад

хушк.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …