Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Накхат Комилхоча

Накхат Комилхоча

Накхат Комилхоча (1814, Истравшан — 1831), шоири точик. Аз оилаи шоир ва мударрис Олимхочаи Хотифии Истаравшани. То 8-солаги дар назди падару модараш савод омухта, баъд тахсилро дар мадрасаи Кукалтош идома дод. Сарфу нахви араби, забони туркиро ба хуби медонист. Хангоми тахсил ба шеъргуи огоз намудааст. Чавони хушзехн, сохиби кувваи хофизаи баланде буд. Ашъори пурмазмунаш дар байни ахли адаб машхур гардиданд, вале марги бемахал уро дар синни шонздах дар айни чушу хуруши эчоди аз байн рабуд. Тазкиранависони асри 19 Возех, Садри Зиё, Мирсиддики Хашмат ба эчодиёти Накхат бахои ба­ланд додаанд. С. Айни дар «Намунаи адабиёти точик» менависад; «Алхак ба ин синну сол ин гуна иктидор шоёни истехсон (тахсин) аст ва ин ранг марги бемахал сазовори хазор нолаву афгон». Ашъори Накхат тавассути тазкираву баёзхои асрхои 19—20 то замони мо боки мондааст.

Накхат шоири лирики газалсаро, вассофи пурмахорати ишку ошики, хусни ча­моли маъшука, дарду хичрони ошик мебошад. Дар газалхояш инчунин андешахои фалсафи, афкори пандуахлоки мавкеи мухим доранд. Аз санъатхои бадеии лафзиву маънави — ташбеху талмех, тавсиф, кивояву мачоз истифода карда, бо забони соддаву равон ва сабку услуби хосе эчод намудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …