Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОКИБА

МУРОКИБА

murokibaМУРОКИБА, мурокаба (араби мушохида, назорат), зинаи  хиссии маърифат (нигаред Инъикос, Назарияи маърифат). Дар фалсафаи идеалисти ду тарзи фахмиши Мурокибаро чудо кардан мумкин аст, ки хар ду бевосита бо мафхуми интуисия алокаманданд. Фахмиши якум аз Афлотун cap мезанад. Афлотун Мурокибаро хамчун маърифати гайри идеяхо таъбир менамуд. Фахмиши дуюмро И. Кант инкишоф дод. И. Кант Мурокибаро хам ба тафаккур ва хам ба эхсосот мукобил гузошта, онро хамчун тасаввуроте дар бораи ашёи ягона шарх медод, ки бояд тавассути категорияхои маърифат маъниву мазмуни хос пайдо кунад. Дар февоменологияи Э. Гуссерл хар ду навъи Мурокибаи ба истилох «эйдетики» (андар расидан ба хосияти ашёи фард) ва «эйдетики» (андар расидан ба мохияти ашё) тахлил мешаванд.

Материализма томарксисти маърифатро хамчун Мурокиба, мархилаи пасти идроки гайрифаъоли олами берунае медонад, ки ба органхои хис таъсир мерасонад. «Камбудии асосии тамоми  материализми пештара — аз он чумла материализми Фейербах хам— иборат аз он аст, ки предмет, вокеият, хиссният на хамчун фаъолияти хиссии инсон, на хамчун  а м а л и я, на ба таври субъективи, балки дар шакли объект, ё ки дар шакли мушохида гирифта мешавад» (Маркс Карл ва Энгелс Фридрих, Асос мунт.,чилди- 2, 1965, сахифаи 439). Марксизм нишон дод, ки маърифат Мурокибаи гайрифаъол набуда, бо дигаргунсозии олам робитаи канданашаванда дорад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.