Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ ЧИНОЯТИ

МУРОФИАИ ЧИНОЯТИ

МУРОФИАИ ЧИНОЯТИ, 1) фаъо­лияти органхои тадкикот, тафтишот, прокуратура ва суд доир ба cap кар­дан ва хал намудани корхои чинояти. Мурофиаи чинояти мувофики тартибе, ки ху­куки мурофиаи чинояти мукаррар кардааст ва бо воситаю усулхои пешбинкардаи он гузаронида ме­шавад. Вазифаи Мурофиаи чиноятии совети зуд ва пурра ошкор кардани чиноят, одилона чазо додани чинояткорон, дар рухи бемайлон ба чо овардани конунхои совети тарбия намудани гражданхо мебошад. Мурофиаи чиноятиро органхои ваколатдор мегузаронанд. Хамаи амалиёти мурофиави (тафтишо­ти ва суди) катъиян мувофики му­каррароти конун гузаронида меша­вад. Суд, прокурор, муфаттиш ва органи тахкики ибтидои вазифадоранд, ки дар доираи хукуку ваколатхои худ дар мавриди зохир гардидани аломатхои чиноят кори чиноятиро cap кунанд, барои муай­ян кардани ходисаи чиноят ва шахсоне, ки дар содир кардани чиноят гунахкоранд, инчунин барои чазо додан ба онхо дар асоси конун чо­радо бинанд (моддаи 3 Кодекси МЧ Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон). Мурофиаи чинояти аз якчанд давраи пай дар хам, яъне cap кардани кори чинояти, тахкикоти, тафтиши пешаки, ба суд до­дан, мурофиаи суд, мурофиаи кассасиони (.нигаред. Кассасия), ичрои хукм, дар баъзе холатхо мурофиаи назоратй ва мурофиа доир ба холатхое, ки нав ошкор шудаанд ва гайра иборатаст. 2) Илмест, ки конуният, мафхуму принсипхои асосии Мурофиаи чинояти ва гайраро меомузад. Мухимтарин кисми илми Мурофиаи чинояти назарияи далелхо мебошад, ки масъалахои исбот ва ба далелхо бахо доданро дар аснои дидани кор­хои чинояти дар бар мегирад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.