Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЛЛО НАСРИДДИН

МУЛЛО НАСРИДДИН

mullo-nasriddin«МУЛЛО НАСРИДДИН», журнали мусаввари хафтаинаи хачви ба за- бони озари. Солхои 1906—12 дар Тиф­лис аз тарафи Ч. Мамедкулизода нашр мешуд. Январи 1913 аз нав баркарор шуда, октябри 1914 нашри он боз катъ гардид. Журнал гояхои Револютсиони 1905—07 ва манфиати харакати кор- гарии Закавказияро ифода менамуд ва дар тамоми Шарки Наздику Ми­ёна пахн карда мешуд. «Мулло Насриддин» дар инкишофи матбуоти демократи таъсири калон расонд. Журнал халкро ба мубориза бахри озоди даъват карда, тартиботи империализм ва зулму истибдодро дар мамлакатхои Шарк фош менамуд. Дар сахифахои «Мулло Насриддин» тартиботи мустабидонаи

аморати Бухоро ва уламои чохил ба зери тозиёнаи танкид гирифта мешуданд. Аз ин ру журнал дар байни зиёиёни тараккипарвари точик низ эътибор дошт. Дар давраи совети (солхои 1917, 1921—31) барои решакан намудани урфу одатхои кухна ва аз юги мустамликадори озод кардани мамлакатхои Осиё ва Африка мубориза мебурд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.