Маълумоти охирин

МУИН Мухаммад

personМУИН Мухаммад (1913, Рашт, Эрон — 1971, Техрон), адабиётшинос ва забоншиноси эрони. Профессори Университети Техрон. Дар Техрон тахсил карда­аст. Аввалин доктори Университети Техрон буд. Муаллифи бештар аз 300 -таълифотн илми доир ба адабиёт, фалсафа, асотир ва забонхои даврахои кадим ва миёнаи эрони мебошад: «Маздаясна ва таъсири он дар адабиёти порси» (1947), «Хикмати ишрок ва фарханги Эрони бостон» (1951), «Тахлили «Хафт пайкар»-и Низоми» (1960), «Хофизи ширинсухан», «Амир Хисрави Дехлави», «Оинаи Искандар», «Баргузидан шеъри форси» (1955), «Баргузидаи насри форси», «Шумораи хафт ва «Хафт пайкар»-и Низоми ва гайра Муин инчунин чанде аз асархои адибони форс-точикро ба нашр хозир кардааст: «Ча- хор макола»-и Низомии Арузии Са­марканди, «Донишномаи Алои»-и Абуали ибни Сино, «Чомеъ-ул-хикматайн»-и Носири Хисрав, «Чавомеъ- ул-хикоёт»-и Авфи ва гайра. Лугати «Бурхони котеъ»-ро бо тасхех нашр намуд. Муддати зиёд дар тайёр кар­дани лугатномаи Деххудо ба у ёри расонид. Пас аз марги Деххудо нашри лугати уро ба ухда гирифт. Гайр аз ин худаш дар 6 чилд лугате тартиб додааст. Муин хамчун шоир низ машхур аст. Муаллифи газалу ру- боихо, достони «Ситораи Нохид ё достони Хурдоду Амрдод» (1937) аст, ки дар асоси сюжети устурахои Эрони бостон навишта шудааст.

Г. Кодиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …