Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУБОРИЗА БАРОИ ХАЁТ

МУБОРИЗА БАРОИ ХАЁТ

muboriza-hayotМУБОРИЗА БАРОИ ХАЁТ, мачмуи равобити мураккаби организмхои зинда байни хамдигар ва мухит, ки дар натичаи он фардхои бештар мутобикгашта зинда мемонанд ва насл мегузоранд. Мафхуми Мубориза барои хаётро Ч. Дарвин пешниход намуд ва асосхои назариявии онро кор карда баромад. Минбаъд назарияи Мубориза барои хаётро И. И. Шмальгаузен, А. М. Северцов ва дигар олимон инкишоф доданд. Мафхуми Мубориза барои хаёт бо интихоби табии робитаи зич дорад. Мубориза барои хаёт фаъол (бевосита) ва гайрифаъол (бавосита) мешавад. Хангоми муборизаи фаъол фардхо барои чои зист, хурок, имконияти афзоиш ва г. байни худ бевоесита задухурд мекунанд (мас., талоши фардхои нарина барои модина). Муборизаи гайрифаъоли мураккабтар аст, яъне шароити зиндаги барои тамоми фардхо як хел бошад хам, мукобилати онхо ба таъсири ногувори шароит гуногун мешавад. Мас., ба хунуки тоб овардан, кобилияти аз даррандахо худро мухофизат кардан ё гурехтан ва г.

Мубориза барои хаёт дар байни организмхо ба муборизаи дохилинамуди ва байнинамуди чудо мешавад. Муборизаи дохилинамуди дар байни фардхои як намуд барои ишгол кардани чои лонасози, тухмгузори, гизо ва дигар омилхои зарури содир мегардад. Муборизаи байнинамуди на факат дар байни фардхои алохидаи намудхои гуногун (байни растанихои бегона ва боги, хаивонхои дарранда ва алафхур, наразитхо ва сохиби онхо), балки дар байни оила ва гурухи организмхо (мас., занбури асал, мурча) низ ба вучуд меояд. Дар ин маврид аксар организмхои заиф халок мегарданд с бенасл мемонанд. Татбики Мубориза барои хаёт ба чамъияти инсони боиси ба вучуд омадани яке аз гояхои реакционии идеологияи буржуази — социал-дарвинизм гардид.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …