Маълумоти охирин

МУБОРАК

nophotoМУБОРАК (тахалл.; номаш Мубораккадами Абдуллох; 1843, дехаи Ямг, хозира райони Ишкошими ВАБК —1902, хамон чо), шоири точик. Дар девони ашъораш худро Мубораки Вахани ном меорад. Аз оилаи дехкони камбагал. Муборак осори бадеии зиёде доштааст, аммо то имруз ёздах асараш дастрас гардидааст: девони ашъор, «Достони тафсири ояти калом дар хакикати мучодилаи Иблис ва Одам», маснавии «Тарчумат-ул-баён», рисолаи «Чинил дуньё», достонхои «Катрат-ул-бахр», «Кашф-ус-салавот», «Тафсири калом», «Муночот-ул-ночот» ва г. Ашъори Муборак бештар мазмуни тасаввуфи ва ишки дорад. Фниру акоиди пандуахлоки дар осори Муболига зиёд аст. Достонхои «Тарчумат-ул-баён» ва «Катрат-ул-бахр» баъзе масъалахои ичтимоию сиёсии замонро низ дар бар гирифтаанд. Муборак хофиз, мутриб, хаттот, кандакор ва наккоши хубе будааст. Рубоби нуздахтора, ки онро Муборак «баландмаком» номидааст, махсули хунари уст. Муборак когаз хам ихтироъ кардааст, ки намунахояш то хол бокист. Инчунин дар назди хонаи шоир иншооти сангие баркарор аст, ки дар он Муболига мушохидахои астрономи мегузаронид.

Ад.: Абибов А., Аз таърихи адабиёти точик дар Бадахшон, д.. 1971.

А. Хабибов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …