Маълумоти охирин
Главная / Биология / МОРИ АФЪИ

МОРИ АФЪИ

mori-afiМОРИ АФЪИ (Echis), эфа, афъи, як чинси морро гуянд, ки ба оилаи Viperidae мансуб аст. Ду намуди Мори аъфи маълум аст: Мори аъфии чипор (Е. coloratus), ки дар нимчазираи Арабистон. Миср, Фаластин ва Мори аъфи аъфии реги (Е. carinatus), ки дар Африкаи Шимоли, Шарки ва Гарби, Осиёи Чануби ва Гарби вомехурад. Дар СССР Мори аъфи аъфии реги (ниг. расм) дар Точикистони Чануби Гарби, Туркманистон, Узбекистони Чануби зиндаги мекунад. Дарозиаш 50—57 см. Сараш бо пулакчахои майдаи нукратоб пушида шуда, рангаш хокистарии реги аст. Одатан дар хомахои peг, сахрохои зардхоку гилдор, буттазорхо, харобазорхо ва г. зиндаги мекунад. Дар моххои июль — август насл мегузорад, аз мохи октябр cap карда дар зимистон гох карор мегирад. Хуроки Мори аъфи хояндахои хурд, калтакалос, парранда ва курбокка мебошанд. Захри Мори аъфи барои хайвонхои хурд (муши хонаги ва г.) марговар аст. Аз захри Мори аъфи дорухои гуногун тайёр мекунанд.

Ад.: Чернов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся, Д., 1959.

С. А. Саидалиев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …