Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИХО

МОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИХО

morfologiyai-rastanihoМОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИХО, фитоморфология, яке аз фаслхои мухими илми ботаника буда, конунияти сохт ва процессхои ташаккули растанихоро дар чараёни инкишофи фарди ва таърихии эволюциони меомузад. Ба кадри инкишофи таърихии Морфорлогияи растанихо аз он анатомияи растанихо, омбриологияи расганихо ва цитология чун фанхои мус­такил чудо шуданд. Муайян кардани гуногунии растанихо дар табиат, омузиши конунияти сохту чойгиршавии узихо ва системахои онхо, тадкики тагйири сохти умуми ва узвхои алохида хангоми инкишофи фардии растанихо (онтоморфогеиез), аник намудани пайдоиши узви растанй дар продесси эволюция (филоморфогеноз), омузиши таъсири омилхои гуногуни беруни ва дохили ба шаклгирии растанихо ва г. проб­лемахои асосии Морфорлогияи растанихо мебошанд

Дар морфологияи назариявии рас­танихо ду тарзи ба хам алокаманди тавсифи маълумоти морфологи вучуд дорад: ошкор намудани сабабхои пайдоиши ин ё он шаклхои растани (аз нуктаи назари омилхое, ки бевосита ба морфогенез таъсир мерасонанд) ва муайян намудани ахамияти биологии онхо барои фаъолияти хаётии растани (аз нуктаи назари мувофикат пайдо кардани растанихо), ки дар процесси интихоби табии шаклхои муайянро нигох медо­рад.

Усулхои асосии тадкикоти морфо­логи инхоянд: тасвири (баёни), мукоисави, тачрибави. Усули якум шакли узвхои растани ва системаи онхоро (органография) тасвир мекунад. Усули дуюм материалхои тасвириеро, ки хангоми усули аввал гун мешаванд, тасниф менамояд, яъне ба гуруххо чудо мекунад. Ин усулро дар вакти тадкики тагйири синнусолии организм ва узвхои он (усули мукоисави-онтогенези) хан­гоми ошкор намудани эволюцияи узвхои растани бо рохи мукоиса кардани гуруххои гуногуни растанихо (усули мукоисави-филогенези) ва омузиши таъсири мухити бе­руна (усули мукоисави-экологи) низ истифода мебаранд. Дар усули сеюм реакцияи (хассосияти) морфология растанихоро дар шароитхои гуногу­ни сунъи меомузанд.

Морфорлогияи растанихо бо сохахои зерини ботаника робита дорад: палеоботаника, систематикаи растанихо филогенияи растанихо, физиологияи растанихо, эко­логия ва географияи растанихо, геоботаника, генетика ва г. Истилохоти тасвири морфология растанихо хануз дар асри 17 кор кар­да шуда буд. Вале чун илми мустакил Морфорлогияи растанихо охири асри 18 баъди нашр шудани асари шоир ва табиатшинос И. В. Гёте «Тачрибахо оид ба метаморфози растанихо» («Опыт о мета­морфозе растений», 1790) пайдо гардид. У соли 1817 истилохи «морфология»-ро пешниход намуд. Тадкикоти Гёте дар ривочу равнаки Морфорлогияи растанихо роли халкунанда бозиданд. Морфорлогияи растанихо хусусан нимаи аввали асри 19 инкишоф ёфт. О. П. Декандоль соли 1827 фикреро оид ба ягонагии узвхо ва метаморфоза онхо баён намуд. Р. Броун тухммугчаи растанихои лучтухм ва пушидатухм, архегонии ва спермаи растанихои сузанбаргро тадкик кард. Дар инкишофи морфологияи мукоисавии растанихо макоми ботаники немис А. Браун, ки табиати узвхои ба мета­морфоз дучор шударо омухтааст ва якчоя бо К. Шимпср таълимоти конунияти математикии чойгиршавии баргро буньёд кардааст, хело калон мебошад. Нимаи аввали асри 19 ба сохахои овтогенези ва филогенезии Морфорлогияи растанихо низ асос гузошта шуд. Дар тараккиёти ин сохахо хизмати ботаникони немис М. Шлеиден (солхои 1842— 48) ва В. Гофмейстер (1849—51) ка­лон аст. В. Гофмейстер бадали наслро баён намуд. У инчунин монандии узвхои афзоиши маймунашаклхо, сархасхо ва растанихои лучтухмро исбот кард. Ба туфайли ин тадкикот алокаи морфологи ва эволюционии растанихои тухмдор ва спораовар муайян карда шуд.

Нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 ба тараккиёти Морфорлогияи растанихо назарияи эволюци­онии Дарвин (ниг. Дарвинизм) таъсири калон расонид. Баробари аз чоп баромадани асари Ч. Дарвин «Пайдоиши намудхо» (1859) дар тад­кики морфологияи растанихо усули таърихи бартари пайдо кард. Инкишофи минбаъдаи морфологияи эво­люционии растанихо дар асархои ботаникхои рус И. Д. Чистяков, И. Н. Горожанкин ва немис. Н. Прингсхейм, Э. Страсбургер оид ба монан­дии узвхои афзоиши гуруххои гуногуни растанихо ва даврахои афзоиши онхо, В. И. Беляев — инкишофи гаметофити нарина, С. Г. Навашин (1898) —бордоршавии дукарата, ботаникхои чех Л. Челаковский (1897— 1903) ва Й. Беленовский, инчунин ботаникхои англис Ф. Боуэр (1890— 1908, 1935), немис Г. Потонье (1895— 1912) ва франсави О. Линье (1913— 14) оид ба пайдоиши узвхои асо­сии растанихои олии хоки тачассум ёфтааст. Комёбии мухими морфоло­гияи эволюционии растанихо кашфи назарияи пайдоиши гул (ботаникхои англис Н. Арбер, Ч. Паркин —1907 ва австрияги Р. Веттштейн — 1908) ва аввалин таснифи эволюционии мева (ботаники рус X. Я. Гоби — 1921) мебошад.

Дар ривочу равнаки морфологияи онтогенезии растанихо тадкикоти ботаники немис А. Эйхлер дар бо­раи таърихи инкишофи барг (1869) ва конунияти сохти гул (1878—82), ботаники рус В. А. Дейнега оид ба онтогенези барг дар растанихои як ва дупаллаги (1902), морфологхои рус Н. Н. Кауфман, Ф. М. Каменский, С. И. Ростовцев дар бораи шаклхои ба метаморфоз дучоршудаи рас­танихо макоми арзанда доранд. Дар инкишофи морфологияи тачрибавии растанихо бошад, хизмати олимони рус ва совети К. А. Тимирязев, А. Н. Бекетов, Н. Ф. Леваковскнй, олимони немис Г. Фёхтинг, Г. Клебс, К. Гёбель, ботаники австрияги К). Визнер ва дигар калон аст.

Морфологияи экологии растанихо якчоя бо география ва экологияи растанихо ба вучуд омад. Проблемаи асосии он омухтани шаклхои хаётии растанихо мебошад. Асосгузори ин соха олимони данияги Э. Варминг (солхои 1902—16) ва К. Раункиер (1905—07), ботаники немис А. Шимпер мебошанд. Дар инкишофи ин соха олимони рус А. Н. Крас­нов, Д. Б. Янишевский, Г. Н. Высоцкий, Л. И. Казакевич ва дигарон низ сахми арзанда гузоштанд.

Проблемахои асосии Морфорлогияи растанихо омухтани гуногунии шакл ва конунияти пайдоиши онхо, ошкор намудани сабабу коидахои чойгиршавии узвхои растанихо ва кисмхои алохидаи он­хо, тадкики мукоисавии процессхои шаклхосилкуни хангоми онтогенез ва филогенез ва г. мебошанд. Хусусан омухтани пайдоиши гул, узвхои нашви, таърихи инкишофи шаклхои гуногуни хаётии растанихо, такмили минбаъдаи назарияхои мавчуда, ба монанди назарияхои стеляри, теломи, пиршави ва г., буньёд намуда фарзияхои наве, ки мохияти мор­фологии шаклхои дар табиат дидашавандаи растанихоро фахмонда метавонад, ба вучуд овардани таснифи генетикии узвхои алохида (барг, хушагул, мева ва г.) дар маркази диккати Морфологияи расанихо мебошад. Дар халли про­блемахои мазкур олимони мамлакатхои гуногун тадкикот мебаранд.

Морфологияи растанихо дар хочагии халк, ахамияти калон дорад. Маълумотхои морфоло­гияи мукоисави, экологи ва тачриба­вии растанихо оид ба конунияти шаклпайдокунии растанихо дар амалия истифода мешавад. Тадкикотхо оид ба морфогенез ва морфологияи экологии растанихо бошад, барои коркарди асосхои биологии чангалпарвари, усулхои парвариши раста­нихои ороиши, окилона истифода бурдани растанихои фоиданоки худруй (мас., гиёххои доруи) ва г. ба кор мераванд. Морфологияи растанихо барои чамъбасти назарияви оид ба пайдоиш ва инкишофи растанихо низ маълумотхои нав ба нав гирд меоварад.

Дар Точикистон оид ба масъалахои морфологияи экологи ва тачрибавии растанихо дар стационархо, Институти ботаникаи АФ РСС Точикистон тадкикот мебаранд. Дар ин муассисахои илми олимони точик ба омузиши эднфакторхои асосии набототи республика машгуланд. Хангоми тартиб додани «Флоран РСС Точикистон» усулхои морфологияи тасвири васеъ истифода мешаванд.

Проблемахои Морфологияи растанихо, дар симпозиум ва коллоквиумхои байналхалки, дар СССР бошад, дар съездхои чамъияти ботаникхо, мачлисхои машвара­тии умумииттифоки оид ба морфо­генез, конференцияхои умумииттифокии байни донишкадахои оли мухокима мешаванд.

Тадкикоти илми оид ба масъалахои гуногуни Морфологияи растанихо дар журнали байналхалкии «Phytomorphology» (Delhi, 1951), дар СССР дар кисмати «Морфология и анатомия растений»-и мачмуаи асархои Институти бота­никаи АФ СССР (аз соли 1950), «Бота­нический журнал» (1916), «Бюллетен Московского общества испытателей природы» (аз 1829) ва дигар журналхои биологи нашр мешаванд.

Ад.: Серебряков И. Г., Морфоло­гия вегетативных органов высших расте­ний, М., 1952; Гёте И. В., Избр. соч. по естествознанию, М., 1957; Тахтаджан A. Л, Происхождение и расселе­ние цветковых растений. Л., 1970.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …