Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОЕВ Бобо Азизович

МИРЗОЕВ Бобо Азизович

nophoto-manМИРЗОЕВ Бобо Азизович (таваллуд 22. 12. 1924, дехаи Чоркухи хозира райони Исфараи вилояти Ленинобод), ходими партияви ва совети. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1947. Техникаи индустриали, Мактаби партиявии яксолаи Флоти харбию бахрии укёнуси Ором ва 1956 Институти такмили ихтисоси кормандони инженеру техникии Свердловскро хатм кардааст. Солхои 1942—47 дар сафи Армияи Совети, 1947—49 коргари кони ангишти Шуроб, 1949 коргари «Мелиоводетрон» (ш. Калинин), 1949—50 устои сохтмони стансияи олавии ш. Сумгант, 1950 прораби заводи канд (ш. Куканд), 1950—56 устои сохтмон, сардори участкаи сохтмон, рохбари техники, сардори сохтмони асосии кони Гут (вилояти Уш), 1956 сардори гурухи лоихаву сметании комбинати Консой (вилояти Ленинобод), 1956—57 чонишини директори Управленияи кони Лаккон (Исфара) буд. Солхои 1957—58 инструктори Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1958—59 сардори трести СМУ-22-и «Точикцелинстрой» (pайони Айни), 1959—62 чонишини мудири шуъбаи наклиёти саноат дар назди Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1962—70 сардори трести сохтмони Ленинобод. 1970—71 раиси Совети шахрии Ленинобод, аз соли 1971 сардори Сару правленияи Давлатии Совети Вазирони РСС Точикистон о  ид ба таъминоти моддию техники. Аз соли 1978 раиси таъминоти давлатии (Госснаби) РСС Точикистон Мирзоев дар тараккии сохахои гуногуни сохтмони республика сахми калон гузоштааст. Депутати Совети Олии РСС Точикистон (даъватхои 8—10). Бо ордени Революцияи Октябрь, ордени Байраки Сурхи Мехнат, ордени Дустии халкхо, медальхо, Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон, Грамотаи Фахрии КМ ПК Узбекистон, Президиуми Совети Оли ва Совети Вазирони РСС Узбекистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …