МИРСАИД АХМАД Ш а м ъ р е з и и М а ш х а д и (соли таваллуд номаълум — вафот 1579), хаттоти форс-точик. Мирсаид Ахмад дар Машхад (аз оилаи Саидохон Хусайни ном шамърез) таваллуд ёфтааст. Мирсаид Ахмад яке аз шогирдони хаттоти машхури Хирот Миралии Хиравист. Аввал дар китобхонаи дарбори амири Бухоро Абдулазизхон (1540—49) ва пас аз марги у ба Эрон баргашта, дар дарбори Тахмосии I (1524—76) ва баъдтар Исмоили II (1576—78) кор кардааст. Мирсаид Ахмад дар навиштани навъхои гуногуни хат махорати хосе дошт. Намунахои осори у дар китобхонахои чахон махфузанд.
К. Махсумов.