МЕТИЗАЦИЯ, метизони (Франс, metisation аз metis — аз чуфтии ду зот ба вучудомада), чуфтикунонии байнизоти, яке аз усулхои зиёд кардани хайвоноти хочагии кишлок, ки дар натичаи чуфтии зотхои гуногуни хайвонот (аз доираи як чинс) ба амал бароварда мешавад. Метизацияро барои бехтар намудани зотхои кухна ва ба вучуд овардани зотхои нави хайвоноти хочагии кишлок, инчунин дар чуфтии саноати истифода мебаранд. Дар мавриди охири факат насли аввал (ба ном дурага ё метис) -ро мегиранд, ки нисбатан пурмахсул ва токатоваранд.