Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАМОРФИЗМИ ЧИНСХОИ КУХИ

МЕТАМОРФИЗМИ ЧИНСХОИ КУХИ

metamorfizmi-chinshoМЕТАМОРФИЗМИ ЧИНСХОИ КУХИ (аз юн. metamorphosis — дигаргуншави, табдилёби), процессхое, ки дар натичаи онхо сохт, таркиби минералоги ва баъзан химиявии чинсхои кухи дар кишри Замин аз таъсири харорат ва фишор тагйир меёбад. Хангоми М. ч к. чинсхо гудохта намешаванд ва сахтии худро нигох медоранд. М. ч к. асосан се хел мешавад: регионали, контакти ва динамометаморфизм. М. ч. к.-и регионали — аз таъсирифишору харорати баланд дар кисмхои чукуртарини кишри Замин тагйир ёфтани чинсхои кухи. Чинсхои кухие, ки дучори М. ч к.-и регионали гардидаанд, майдонхои васеъро ишгол мекунанд. Таркиб, сохт ва харорати ин чинсхо дар масофахои калон як хел мешавад. М. ч. к.-и контакти — хангоми хосилшавии чинсхои кухии интрузиви аз таъсири гармии онхо тагйир ёфтани чинсхои хамшафат. Агар танхо чинси интрузиви тагйир ёбад, метаморфизм зидиконтакти ва агар чинси хамшафат тагйир ёбад, метаморфизми экзоконтакти меноманд. Вобаста ба шакли интрузияхо ва таркиби чинсхои кухии хамшафат майдони тагйирёфтаи чинсхои атрофи интрузияхо хархела мешавад. Динамометаморфизм — дар зери фишори табакахои болои тагйир ёфтани чинсхои кухи. Дар натичаи динамометаморфизм танхо текстураи чинсхои кухи ва холати хобиши онхо тагйир меёбад. Чинсхои кухие, ки дар натичаи процессхои метаморфизм аз чинсхои тахшини ё фишонда хосил шудаанд, чинсхои кухии метаморфи ном доранд. М. ч. к. махсусан дар зонахои чиндор ва деформацияи чинсхои кухи бештар руй медихад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …