Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЩАНИНОВ Иван Иванович

МЕЩАНИНОВ Иван Иванович

meshaninovМЕЩАНИНОВ Иван Иванович (6. 12. 1883, Уфа — 16. 1. 1967, Ленинград), забоншиноси совети, археолог, акад. АФ СССР (1932), Кахрамони Мехнати Социалисте (1945). Университети Петербург (1907) ва Институти археологияро (1910) хатм кардааст. Шогирди акад. Н. Я. Мар р.

Директори Институти антропология, археология ва этнографияи АФ СССР (1933—37), директори Институти забон ва тафаккур (1935—50), акад.-котиби Шуъбаи адабиёт ва забони АФ СССР (1934—50). Солхои 20—30 рохбари хафриёти бостоншиносии назди б. Каспий ва Закавказия буд. Мещанинов аслан мутахассиси забонхои матруки Кавказ, Осиёи Хурд (иломи, хетти, соми), махсусан забони урарту (халдей) буд. Назарияи категорияхои мафхум, назарияи типологьяи синтаксисии забонхо ва назарияи чумла аз мухимтарин бозёфтхои Мещанинов дар сохаи забоншиносии умуми мобошанд. Дар омузиши забонхои халкиятхои омехати Шимол ва Кавказ ва тайёр кардани мутахассисони забоншинос сахм гузоштааст. Ду карат лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1946). Бо 2 ордени Ленин ва ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст.

Ос.: Структура предложения, М.— Л., 1963; Эргативная конструкция в языках различных типов, JI., 1967; Общее языкознание. Проблемы развития языка, Л., 1976.

Ад.: Жирмунекий В. М., Памяти академика И. И. Мещанинова, ж. «Вопросы языкознания», 1967, М 3; Панфилов В. 3., Иван Иванович Мещанинов, «Изв. АН СССР, сер. литературы и языка», 1967, JNI 4.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …