Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЧНИКОВ Илья Ильич

МЕЧНИКОВ Илья Ильич

mechnikovМЕЧНИКОВ Илья Ильич (15. 5. 1845, дехаи Ивановка, хозира р-ни Купяиски вил. Харьков — 15. 7. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи мукоисави, микробиология ва эмбриологияи эволюциони. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902).

Университети Харьковро (1864) хатм кардааст. Солхои 1870—82 проф. Университети Новороссийск дар Одесса (холо Университети давлатии Одесса ба нами И. И. Мечников). Соли 1886 бо хамрохии Н. Ф. Гамалея якумин ст. бактериологии русро барои мубориза бо беморихои сирояти ташкил кард. С. 1887 ба Париж омада, дар Институти Л. Пастер кор кард. Бо хамрохии А. О. Ковалевский конуниятхои умумии инкишофи хайвонхои бемухра ва мухрадорро муайян намуда ба эмбриологияи эволюциони асос гузошт. Назарияи пайдоиши хайвоноти бисёрхучайраро кашф кард. Соли 1882 ходисаи фатоцитозро ошкор кард ва дар асоси он натологияи мукоисавии илтихоб (1892) ва назарияи фагоцитарии иммунитет (масуният)-ро кашф кард. Мечников масъалаи пиршавиро солхои дароз тадкик карда ба хулосае омад, ки пири ва марги одам дар натичаи бо микробхо ва дигар захрхо худзахролудшавии организм ба амал меояд. Дар асоси ин акидаи илми як катор воситахои пешгирии худзахролудшавии организмро пешниход намуд (стерилизация кардани хурок, нам хурдани гушт, истеъмоли ширу чургот ва г.). Дар асархояш масъалахои илму фалсафаро низ мухокима ва мулохиза кардааст. Лауреати Мукофоти нобели (1908, якчоя бо П. Эрлих).

Ас.: Набранные биологические произведения. М., 1950; Академическое собрание сочинений, т. 1—16, М., 1950—64.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …