МАВРИКИЯ (Mauritius), давлат дар чазираи Маврикий ва чазирахои Родригес, Агалега ва галачазираи Каргадос — Карахос, дар кисми гарбии укёнуси Хинд. Масохатии 2045 км2 (аз он чумла чазираи Маврикий 1865 км2). Ахолиаш 950 хазор нафар (1980). Пойтахташ Порт-Луи (ахолиаш 150 хазор нафар, 1977). Аз чихати маъмури терр. Маврикия ба 9 округ таксим шудааст.
Маврикия — хокимияти мутлакан конституциони. Конституцияи чориаш 4 марти 1968 кабул шудааст. Сардори давлат — маликаи Англия. Хукуматро намояндаи у генерал-губернатор идора мекунад. Органи олии конунбарор — Мачлиси конунбарори якпалатаги. Системаи суди: Суди Оли, апелляциони, судхои чинояти ва судхои округи.
Маълумоти таърихи. Чазираи Маврикий хануз дар асри 10 ба сайёхони араб маълум буд. Ба чазира аввалин бор дар ибтидои асри 16 аз европоиён португалихо омада буданд. Соли 1598 чазираро голландихо ишгол карда, ба он Маврикий ном додаанд. Дар замони Хукмронии худ голландихо ба чазира аз Африкаи Гарби гуломон оварда буданд. Чазира хамчун базаи харби дар рохи Хиндустон ва макони дарахти киматбахои обнус диккати Франция ва Британияи Кабирро ба худ чалб намуд. Соли 1715 онро франсавихо забт намуданд ва соли 1810 ба ихтиёри Британияи Кабир гузашт. Соли 1914 ба мустамликаи Англия табдил ёфт.
Манзараи умумии ш. Порт-Лун. Соли 1835 баъди бекор шудани гуломдори ба чазира мухочирати хиндухо огоз ёфт. Ахолии чазира дар тамоми таърихи худ борхо бар зидди зулму асорати мустамликадорон шуриш бардошта буд: шуриши гуломон соли 1695 бар зидди Голландия, шуриши солхои 1724, 1732, 1794 бар зидди франсавихо. Дар давраи хукмронии англисхо мубориза бар зидди мустамликадорони Англия давом мекард. Соли 1935 иттафокхои касабаи Маврикия барпо гардид. Соли 1936 аввалин партияи сиёси — Партияи лейбористе ташкил шуд, ки онро асосан буржуазияи миёна ва хурд дастгири мекард. Авчи муборизаи зидди мустамликави баъди Чанги дуюми чахони Британияи Кабирро ба баъзе гузаштхо мачбур кард. Хукуки Шурои конунбаpop васеъ карда шуда, хукуки интихоботи умуми чори гардид, хукумати милли ташкил ёфт. Дар зери фишори харакати милли-озодихохонаи ахолии чазира соли 1965 доир ба Маврикия додани истиклолият карор кабул карда шуд. 7 августи 1967 интихоботи Шурои конунбаpop шуда гузашт ва чазира ба хукуки терр. худидоракуни сохиб шуд. Партияи лейбористи дар интихобот галаба кард ва фавран ба чазира додани истиклолиятро талаб намуд. 12 марти 1968 Маврикия дар Иттиходи Британия давлати сохиб истиклол гардид. Охирхои 1969 дар Маврикия дар заминаи Партияи лейбористи Партияи сотсиал-демократии Маврикий ва Партияи комитети амалиёти мусулмони (таъсисаш 1958) коалицияи хукумати ташкил шуд. Блоки тараккипарвари мустакил (таъсисаш 1958), Иттифоки демократии Маврикий (таъсисаш 1970) ва Харакати чанговаронаи маврикийхо (таъсисаш 1970) дар оппозиция монданд. Аз соли 1970 дар Маврикия харакати васеи корпартои авч гирифт. Декабри 1971 хукумат дар мамлакат вазъияти фавкулода эълон кард, фаъолияти хамаи иттифокхои касабае, ки ба Харакати чанговаронаи маврикийхо алокаманд буданд, катъ ва органи ин партия г. «Милитан» баста шуд. Соли 1974 13 иттифоки касаба аз нав ба фаъолияти худ шуруъ кард. Соли 1975 ба нашри г. «Милитан» низ ичозат дода шуд. Ман 1978 г. «Милитан» боз баста шуд. Мохи декабри 1976 бори аввал баъди истиклолияти Маврикия интихоботи парламент шуда гузашт. Маврикия аз апрели 1969 аъзои ТДМ, аз соли 1970 аъзои Ташкилоти умумии Африкаю Малагасияю Маврикий. Соли 1972 Маврикия ба «Бозори умуми» дохил шуд. Аз соли 1968 Маврикия бо СССР муносибатхои дипломати дорад. Соли 1974 Маврикия доир ба сохаи мохидори бо СССР шартнома баст.
Партияхои сиёси ва иттифкхои касаба. Партияи лейбористи (ПЛ), таъсисаш 1936; Комитети амалиёти мусулмони (КАМ), таъсисаш 1958; Партияи сотсиал-демократи Маврикий, таъсисаш 1955. Харакати чанговаронаи маврикихо, таъсисаш 1970; Федерацияи умумии коргарон. Конгресси лейбористии Маврикий, таъсисаш 1963.
Хочаги. Маврикия мамлакати аграрист, ки дар иктисодиёти он капитали Англия ва Франция мавкеи калон дорад. Найшакар хамчун зироати асосии хочагии кишлок дар чои якум ва истехсоли чой дар чои дуюм меистад. Гайр аз он тамоку, банан, алоэ, чуворимакка, картошка, сабзавот парвариш мекунанд. Аз чорво асосан буз ва гов мепарваранд. Мохигири ривоч ёфтааст. Дар мамлакат заводхои коркарди найшакар, ёкути сунъи барои заводхои соатсозии Швейцария, фабрикахои коркарди чой, устохонахои киштисози ва г. мавчуданд. Аксарияти корхонахо бо иштироки капитали хоричи сохта шуда, барои экспорт махсулот мебароранд. Тули роххои автомобилгард — 2,0 хазор км (1977). Бандари калони укёнуси — Порт-Луи. Аэропорти байналхалки (Плезанс) дорад. Маврикия ба хорича канд. тиран канд, чой, тамоку бароварда, аз хорича махсулоти хуроквори, мошин ва тачхизот, молхои саноати мегирад. Шарикони асосии савдо: Британияи Кабир, Канада, ШМА, РАН, Австралия, Франция, Хиндустон. Вохиди пул рупияи маврикий.
Сатхи терр. Маврикия баланд, кисми Чанубу гарбии он (к. Питон, 826 м); дар кисми марказиаш пуштакух (баландиаш то 600 м), дар Шим. ва Ш. хамвории камбари назди сохили тул кашидааст. Сохилхо бо рифхои марчони ихота шудаанд. Иклимаш тропикии бахри. Харорати миёнаи мохи гармтарин феврал 26° С, мохи аз хама хунуктарин августи 14—18° С. Боришоти солона 1500—2500, дар хамворихои назди сохил 1500—5000 мм. Д-и калон Гранд-Ривьер. Хокаш аз чинсхои вулкони пайдо шудааст, бинобар он хосилхез мебошад. Такрибан */з кисми терр. мамлакатро бешахои анбухи тропики фаро гирифтааст. Олами хайвоноташ кадима ва эндемики. Дар ин чо нимиаймун (аз он чумла лемур), тенрекхои хашаротхур, хорпушт, мушони паррон зиндаги мекунанд. Аз даррандагони хурди оилаи виввер-мангуста — гурбаи хазмонанд дучор меояд. Аз паррандахо дар чазира тути, кардинал, кабутар, мурги чипор, мурги султони ва г. вомехуранд. Аз хазандагон букаламун, гекконхо, игуанхо, морхои печон, 2 намуди тимсох хаст. Хазанда ва хашарот бисьёр. Сангпушт, лемурхои азимчусса ва мурги эпиарнис вахшинёна кир карда шудаанд.
Дар мамлакат асосан хиндуён (86%), креолхо (франсавинажодхо) (30%), хитоихо (3%), африкоихо (насли гуломони мадагаскари) ва дигар зиндаги мекунанд. Забони расми — англиси. Хиндуён ба расму оини дини анъанави эътикод доранд, инчунин насрони, мусулмон, буддоихо хастанд. Шахрхои калон: Бо-Бассев, Кьюрпаив, Вакоас Катр-Борн.