Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ УЛУГБЕК ДАР БУХОРО

МАДРАСАИ УЛУГБЕК ДАР БУХОРО

МАДРАСАИ УЛУГБЕК, ёдгории меъмории асри 15 дар Бухоро. Соли 1417 бо фармони Улугбек сохта шудааст.

Меъмор — Исмоил ибни Тохир ибни Махмуди Исфахони. Бо вучуди нисбат ба мадрасаи Улугбеки Самарканд хачман хурд ва аз чихати банду баст соддатар буданаш, композицияи дакику мукаммал дорад. Кошикориву хотамкорихояш хам хоксорона, вале хеле дилкашу назаррабост. Намои ёдгориро пештоки мухташами мунаккаш ва гулдастахо оро додаанд. Дар ду пахлуи пешток хучрахои дукабатаи пешайвондор чой гирифтаанд, ки кошикори буда, бо накшхои хандаси оро дода шудаанд. Дар  кафои ду кунчи намои асоси бинохои дарсхона ва масчид чой гирифтаанд.

МАДРАСАИ УЛУГБЕК ДАР БУХОРО
СУРАТИ МАДРАСАИ УЛУГБЕК ДАР БУХОРО

Дар болои гушахои асоси чоркунчаи дарсхона нимгумбазхо бароварда шуда, дар натича, девор шакли хашттаркро гирифтааст. Дар болои хамин хашттарк (беустувона) гунбаз сохта шудааст. Ин усули биносози навоварии меъморони нимаи аввали асри 15 аст. Дар се тарафи дигари хавли катори хучрахои дукабата ва ду айвони бохашам хастанд. Руи ин бинохо низ мунаккаш буда, бо кошихои рангоранг рукаш шудаанд. Аксар чои накшхо хароб гаштааст. Хангоми таъмири баъдина кисмхои вайронгаштаи ороишоти пештара бо кошихои сифатаи, паст рукаш шудаанд. Ёдгори дар мухофизати давлат аст.

МАКОН ДАР ХАРИТА


Т. Пулодов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …