Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ КРИТУ МИКЕН

МАДАНИЯТИ КРИТУ МИКЕН

МАДАНИЯТИ КРИТУ МИКЕН, маданияти Эгей, номи шартии маданияти давраи биринчии Юнони Кадим (2800—1100 то м.). Аз номи ёдгорихои Крит ва Микен. Марказхои асосии Маданияти Криту Микен дар натичаи хафриёте, ки солхои 70 асри 19 археологи немис Г. Шлимаи дар Микен ва солхои 1900— 20 А. Эванс дар ш. Кносс гузарондаанд, муайян гардиданд. Ёдгорихо шаходат медиханд, ки Маданияти Криту Микен асосан аз миёнаи хазораи 2-то м. ягона будааст. Хануз дар асри 19 муайян карда шуд, ки Троя, Микен, Филакоп аз якчанд кабати археологи иборатанд. Аввали асри 20 мувофики таклифи А. Эванс таърихи Крит (хазорахои 3—2 то м.) ба 3 давра (Миноси даврахои аввал — такрибан 3000 — 2200, Миноси миёна — такрибан 2200 — 1600, Миноси даврахои охир — такрибан 1600—1200 то м.) таксим карда шуд. Ба маданияти Миноси даврахои аввали гузариш ба энеолит, истифодаи биринчи (такрибан аз соли 2600 то м.), буньёди бошишгоххои типи шахри, пахншавии чорводори ва инкишофи бахрнаварди хос аст. Дар ин давра нобаробарии молу мулки ва таназзули сохти авлоди авч гирифт.

шамати Кносс, асбоби ороиш ва мустахкамии деворхои он шаходат медиханд. Дар Крита ин давра хати пиктографи (хуруфоти сурати) пахн гардид.

Солхои 1700—1450 Кносс ба давлати пуркуввати бахри табдил ёфта, хокимони он на танхо Киклад, балки кисми Элладаи материкиро низ ба худ тобеъ намуданд. Дар як вакт робитаи бахрии Крит бо Миср ва сохили чанубии Осиёи Хурд кувват гирифт. Иктидори подшохони Крит — миносхо дар ривоятхои юнони, мусавварахои касри Кносс акс ёфтаанд. Материалхои хафриёти дар Гурния, Врокастро, Тилисос ва г гузаронидашуда дар бораи инкишофи шахрхои давраи Крит шаходат медиханд. Касрхои хокимони Кносс ва Гурния бо махалхои ахолинишин ихота буданд.

Дар нимаи дуюми асри 15 то м. ахейхои Пелопоннес Кноссро забт намуданд. Хуруфоти махалли бо талаби истилогарон тагйир дода шуд. Такрибан соли 1400 то м. заминчунбии калон касрхои Кноссро вайрон кард, ки баъди он мавкеи Кносс дар галачазираи Эсей ва тамоми бахри Миёназамини Шарки суст шуд ва нуфузи Микен афзуд. Барои Маданияти Криту Микен касрхои подшохнишини деворхояш аз сангхои калон сохташуда хос аст. Давраи инкишофи Микен ба асрхои 26—13 то м. рост меояд. Роххои сангфарш, ки Микенро бо махалхои гуногуни Пелопоннес ва хатто Юнони Маркази мепайвастанд, дар бораи иктидори хокимияти маркази шаходат медиханд. Микенихо дар ин давра бо Шарки Наздик робита доштанд.

Дар охири асри 13 то м. таназзули маданияти Микен cap мешавад. Сохтмон (гайр аз мудофиави) катъ гардида, робита бо мамлакатхои беруни суст шуд. Эхтимол ин ходиса бо чанги Троя алокаманд бошад. Ба чамъияти Маданияти Криту Микен хичрати калони этникии асри 12 то м., аз чумла хичрати дорийхо, ки саросар марказхои мадании Микен ва давлатхои гуломдории ибтидоии Криту Микенро нест карданд, зарбаи сахт зад. Дар чамъияти Маданияти Криту Микен муносибатхои гуломдори ташаккул меёфт. Дар хочагихои дарбор гуломони зиёд буданд, ки дар байнашон муносибатхои авлоди вучуд дошт. Сустии пояи ичтимоии аввалин чамъияти гуломдории Маданияти Криту Микен боиси аз байн рафтан ва дар аввали хазораи 1 то м. ба сохти авлоди баргаштани он гардид.

Ахамияти асосии Маданияти Криту Микен дар он аст, ки дар нохияи пахншавии он бори аввал дар худуи Аврупо чамъияти синфи ва давлат пайдо шуда хат ва тамаддуни мукаммал ба вучуд омад. Дар чамъияти Маданияти Криту Микен меъмори, накшунигори руи девор, хайкалтароши, асбобхои сафолии мунаккаш, мучассамасози аз биринчи, санг, устухони фил ва г. ба авчи тараккиёт расид. Бисёр муваффаккиятхои ба ганчинаи маданияти Маданияти Криту Микен чахони дохил гардид.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.