КАБРИСТОН, чои дафнкунин майитхо. Дафнкунии майитхо хануз аз давраи палеолит (такр. 50—40 хаз. сол мукаддам) огоз ёфтааст. Дар он давра майитхоро дар худи кароргох мегурониданд. К.-хо дар давраи мезолит пайдо шудаанд. Дахмаю новусхоро барои дафни майитхо дар Сугд, Истаравшан, Фаргона, Чоч ва Бохтар низ васеъ иствфода мебурданд. Дар К-хои Сугд дахмахое ёфт шудаанд, ки дар онхо майитхоро муваккатан мегузоштаанд ва баъди аз гушт тоза шудани устухон онро ба хумхо ё устадонхо андохта дар новусхои авлоди ё оилави мениходаанд.
Дар натичаи тадкикоти археологи маълум шуд, ки дар давраи атика майитхоро дар К-хои авлоди, оилави ва шахри дафн мекардаанд. Дар ш-хои Тахористон, майитхоро бе устадон ва дар дехот бошад, дар устадонхо ва хумхо мегуронидаанд.
Баъди дар Осиёи Миёна чори шудани дини ислом ду намуди гур — лахаддор ва шоми маъмул гардид. Аммо одати макбараю сагонасози боки монд. Кабри шоми аз чукурии росткунча иборат буд ва онро аксаран дар чойхои заминаш санглохи барои кабрхои лахаддор номувофик мекофтанд Болои кабри шомиро бо тахтасанг ё чуб мепушонанд. Дар кабрхои мусулмони маитро бо тахтапушт, cap ба суи шимол ва ру ба гарб (кибла) дафн мекунанд. Одатан сари кабри майит санг, чуб зарфхои сафоли ва г. гузошта мешуд. Дар К. майитхоро дар атрофи кабри саравлод мегуронидаги шуданд. Пас аз барпо гардидани Хокимияти Совети дар худуди имрузаи Точикистон К-хо аз тарафи ташкилотхои дахлдор таъмиру обод гардоинда мешаванд. Дар онхо барои абади гардонидани хотираи барпокунандагон Хокимияти Совети дар сарзамини точикон, ходимони барчастаи партиявию совети, илму маданият ва диг. мучассамахо мегузоранд.
Ад.: Толстов С. П.. По древним дельтам Окса и Янсарта, М., 1962; Литвинский Б. А., Седов А. В., Теппаи-шох, М., 1983.
Ю. Ёкубов.