«ХУРД-АВЕСТО», мачмуаи порчахои баргузида аз Авесто, матнхои дуо ва ниёишхо, ки пайравони зардуштия онхоро дар адои намоз, ичрои конуну коидахои дини, хангоми тую сугвори ва г. мехонданд. Мураттибу муалифи он Озарбади Махраспандон мебошад. Дастнависхои зиёде аз «Хурд-Авесто» баробари дастнависхои Авесто то замони мо расидаанд. Аксари кисмхои ин асар бо кисматхои дигари Авесто якчоя омадааст, барои хамин онро чун чузъи панчуми Авесто донистаанд. Номгуй ва шарху тафсири кисмхои «Хурд-Авесто» бад ин каpop аст: 1) Сарсухан; 2) Дуохои мукаддаси зардуштия — Ашем воху… ва Йата ахуна ваирйа. Ин дуохоро зардуштиён дар холату хангом, пеш аа огози корашон мехонданд. Авесто бо хамин дуохо шуруъ мешавад; 3) «Ниранг (коидаи кусти бастан» — порчаест, ки дар он конуну коидахои бастани миёнбанди мукаддаси зардуштия — кусти шарх ёфтааст. Ии миёнбандро писарони зардуштиён хангоми ба синни балогат (15-солаги) расидан мебастанд; 4) «Суруш ва ё Ниранг (коида)-и дастшуи»; 5) «Хушбом» — як порча матн дар васфи бомдод; 6) «Ниёишхо» — «Хуршед-ниёиш», «Мехр-ниёиш», «Мох-ниёиш», «Ардвисура-ниёиш», «Оташи Бахром-ниёиш». Дар ниёишхо порчахо аз «Хуршед-яшт», «Мехр-яшт», «Мох-яшт», «Обон-яшт», «Бахром-яшт» оварда шудаанд; 7) «Гохон» — панд суруд дар тавсифи гох (вакт)-и шабонаруз. Дар чамоаи зардуштиёни Эрони Кадим шабонарузро ба панч хангом пахш мекарданд. 1.Ховангох-аз сар задани хуршед то нимруз; 2.Рапитвингох-аз нимруз то аср; 3.Озайарнигох-аз аср то нишастани хуршед; 4.Анвирсутрагох-аз шом то нимишаб; 5. Ушхингох — аз ними шаб то бархостани хуршед. Номи хар ян хангоми шабонаруз инчунин эзид (фа ришта) -и нигахбони хамон хангом буд ва дар сурудхои «Гохон» у ситои шшудааст (мас., Ховон — фа иштаи эзиди бомдод). 8) «Яштхо». Дар вусхахои «Хурд-Авесто» «Яштхо» низ чо дода шудаанд. Микдори «Яштхо» дар нусхахо гуногун аст, вале дар хамаи нусхахои он ду «Яшт»—«Хурмузд-яшт» ва «Суруш-яшт” мавчуданд. Карл Галднер — мураттиби матни интикодии Авесто тамоми 21 «Яшт»-ро ба «Хурд-Авесто» дох ил карда аст. 9) «Сируза» — китъахо дар ситоиши си рузи мох. Дар солшумории зардушти дар як рузи мох ва инчунин дувоздах мохи сол ба номи Амшоспандон (ёрони кудсиву ёвари Ахурамаздо) ва эзидони зардуштия ба монанди Ахурамаздо, Бахром, Суруш, Рашн, Мехр ва г. мавсум буданд. Мас., ба муносибати фарорасидани рузи Мехр китъаи ба Мехр бахшидашударо мехонданд. Тамоми «Сируза» дар рузи сиюми вафоти ягон пайрави зардуштия хонда мешуд. 10) «Офарингон» — чахор порчаи ситоишу ниёиш, ки барои ичрои маросимхои дини ва чашнхои зардуштиён истифода мешуданд: «Офарингони дахмон» — дар огози соли нав, рузхои чахорум, дахум ва сиюми хар мох, инчунин хангоми даргузаштани касе хонда мешуд; «Офарингони Готхо»-ро дар панч рузи охири сол, ки онро «Андаргох», «Бахизак» ё «Панчаи дуздида» мегуфтанд, мехонданд. Азбаски ин панч руз мавсум ба номи «Готхо» буд, «Офарингони Готхо» ном гирифтааст; «Офарингони Гоханбор» — дар хангоми шаш чашни дини хонда мешуд. Ба акидаи зардуштиён Ахурамаздо оламро дар шаш навбат дар муддати як сол офаридааст. Замонхои офаринишро Гоханбор мегуфтднд. Дар кадим рузи фарорасидани хар як Гоханборро чашн мегирифтанд. Чашни якум рузи чихилу панчумин, дуюм — саду панчохмин, сеюм — саду хаштодумин, чахорум — дусаду дахумин, панчум — дусаду навадумин ва шашум — сесаду шасту панчумин рузи сол фаро мерасиданд. Ахурамаздо гуё дар нахустин Гоханбор осмон ва сипас об, замин, гиёх, чонварон ва одамонро офарида будааст; «Офарингони Рапитвингох» ситоишест дар васфи эзиди нигахбони фасли тобистон — Рапитвин (вазифаи дигари ин эзид чунон ки дар «Гоховн» зикр шуд, нигахбонии нимруз— яке аз вактхои шабонаруз мебошад).
Чунон ки дида мешавад, кисми зиёди «Xурд Авесто» аз дуохо, ситоишхо ва ниёишхои дилгиркунанда ва аз чихати мазмуни гояви ва мундаричаи паст иборат аст. Вале баробари ин «Хурд-Авесто» аз чихати дар бар гирифтани баъзе ривоятхои эпики ва асотири, маълумоти этнографи, астрономи, таърихи, инъикоси тарзи зиндагии ниёгони халки точик, ному тарзи гузаронидани чашнхо, тарбияи чавонони чамоаи зардуштиён ва г. ахамият дорад.