Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ХОЧА ОБИ ГАРМ

ХОЧА ОБИ ГАРМ

ХОЧАОБИГАРМ, курорти табобати дар Точикистон. Дар нишебии Чанубии к-кухи Хисор (52 км шимолтар аз Душанбе), дар баландии 1860—1900 м чой гирифтааст.

xoja-obi-garm

Тобистонаш гарм (харор. миёнаи июль 22°С); зимистонаш сербарфи мулоим (харор. миёнаи янв. — 2°С; боришоти солона 1430 мм. Xочаобигарм соли 1934 таъсис ёфтааст. Омили асосии табобатиаш обхои минералии камрадиоактиви (радони) гарм (62—96°С) мебошад. Хочаобигарм бо техникаи муосири тибби тачхизонида шуда, лабораторияхои клиникию биохимики, шуъбахои физиотерапевтию рентгенологи, кабинетхои ташхиси функционали, варзиши шифои, масх, беморихои занона, стоматологи ва г. дорад. Дар Xочаобигарм касалии гипертония (даврахои 1 ва 2        А, Б), атеросклероз, узвхои такягоху харакат, беморихои занона, зикки нафас ва г. муолича карда мешаванд. Дар натичаи табобат бо обхои минерали ва буги гарми таъсири радонаш суст фишори хун паст, концентрацияи холестерину липидхои умуми, В-липопротсидхо, три глицеридхо, натрий, охан, мис ва силиций кам, дарачаи шахшавии хун суст, микдори фосфолипидхо, калий ва г. зиёд мешаваду холати функционалии гурдахо, гадудхои болои гурда, функцияи нафасгирии беруни бехтар мегардад. Алхол дар Xочаобигарм комплекси санатории нав (барои 700 кат) сохта шудааст.

И. Я. Бобохочаев.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …