Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИСЧЕРАЛД Эдуард

ФИСЧЕРАЛД Эдуард

ФИСЧЕРАЛД (Гitzjerald) Эдуард (31. 3. 1809, Бредфилд, Суффолк —14. 6. 1883, Мертон, Норфолк), шоир ва мутарчими англис. Дар Университети Кембрич хондааст. Пас аз омузиши забони форсй соли 1856 «Саломон ва Абсол»-и Чомиро тарчума кард. Хизмати Фисчералд дар тарчумаи рубоиёти Умари Хайём (1859) хеле бузург аст. Махз ба воситаи тарчумаи англисии Фисчералд номи Хайём машхури олам шуд. У рубоиёти Хайёмро бо такмилу иловахо чандин бор ба табъ расонида, самимият, хирад, хикмат ва рухи ашъори мутафаккирро хифз намудааст. Тарчумахои Фисчералд аз шохкорихои назми англис ба шумор мераванд. Фисчералд осори Софокл, Эсхил, Калдерон, Молер ва дигаронро низ тарчума кардааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.