ФИЛАРМОНИЯИ ДАВЛАТИИ ТОЧИКИСТОН ба номи А. Рудаки, коллективи эчодиест, ки соли 1938 таъсис ёфта, гурухи сарояндагон, навозандагон ва раккосони боистеъдодро муттахид намуда, дар ташвику таргиби мусикии касбии точик сахми калон гузоштааст. Ба хайати эчодии Филармонияи давлатии Точикистон бисёр хунарпешагон аз дастаи Театри мусикии точик, коллективхои касбию хаваскор, инчунин хофизони машхури халкии нохияхои гушогуни республика чалб гардиданд. Бехтарин хофизону навозандагон, аз чумла навозанда М. Мавлонов, хофизони халки Ш. Чураев, С. Тухтаев ва дигар дар ташаккули дастахои хунари ва тачаддуди анъанахои мусикии классикию халки хиссаи арзанда гузоштаанд. Дар солхои минбаъда барои ривочи хамачонибаи суруд, тарона ва раксхои мардуми районхои мухталифи республика дастахон хофизон, навозандагон ва раккосон тартиб дода шуданд. Сарварии хофизони кухистониро Ш. Чураев ба ухда дошт, ки ба ин даста Пири Собир, С. Бобиев, А. Шарифов, X. Шаболова, Г. Хасанова. А. Назриев, А. Ёров ва дигарон дохил мешуданд. Таронахои нохияхои шимоли Точикистонро сарояндагони машхур М. Ахмадов, А. Абдуллоев, М. Хомидов ва дигарон ичро менамуданд. Барои ичрои «Шашмаком» дастаи «махсуси занон ва мардон иборат аз М. Маалонов, Б. Биняминов. Тиллоеа, Ф. Солиев, 3. Носиров, Д. Окилова ва дигар ташкил гардид, ки сарвари он М. Муъминов буд.
Дар хайати Филармонияи давлатии Точикистон Алсамбли тарона ва ракс, Ансамбли рубобчизанон, дертар Ансамбли суруд ва ракси Помир, ансамбли «Лола» таъсис ёфт. Барои ташвику таргиб ва инкишофи мусикии халки ва касбии точик Оркестри созхои халкии Филармонияи давлатии Точикистон (1938—61) хиссаи арзанда дорад. Таъсис ва ташаккули Оркестри симфонии Филармонияи давлатии Точикистон ба ташвику таргиби асархои композиторони классикии чахони, рус ва точик мусоидат кард. Хайати эчодии Филармонияи давлатии Точикистон дар дахаи санъати точик дар Москва (1941), Дахаи адабиёт ва санъати точик дар Москва (1957), Рузхои маданияту санъати точик дар Москва (1967), инчунин бисёр дахаю хафтахо ва рузхои адабиёту санъати точик дар республикахои иттифоки иштирок намудааст. Дастахои хунарии Филармонияи давлатии Точикистон ба бисёр кишвархои хоричи (РДД, Эрон, Хиндустон, Туркия, Канада, ШМА, Япония, Австрия, Ирок ва гайра), инчунин мамлакатхои сосиалисти (Булгория, РДГ, Чехословакия, Мугулистон, Ветнам ва гайра) сафархои хунари кардаанд. Алхол (1987) дар хайати Филармонияи давлатии Точикистон 195 нафар коркунони эчоди машгули коранд.
Филармонияи давлатии Точикистон барои инкишофи санъати мусикии точик бо ордени Байраки Сурхи Мехнат (1941) мукофотонида шудааст. В. Абдурахмонов.