ФАСЛХОИ СОЛ (бахор, тобистон, тирамох, зимистон), ба даврахо таксим шудани солро гуянд, ки дар кадимулайём мувофики харакати -Офтоб дар осмон ва тагйири фаслхо дар табиат мукаррар гардидааст. Ивазшавии Фаслхои сол дар натичаи майли тири чархзании Замин ба хамвории мадори Замин (тахти кунчи 66°33′) сурат мегирад. Хангоми дар гирди Офтоб харакат намудани Замин мехвари он нисбат ба худаш кариб параллел чой иваз мекунад ва бинобар ин дар давоми сол нисбат ба Офтоб ба кутби шимоли ё чануби (яъне ба кутбхое,ки ба кутбхои Замин мувофиканд) майл мекунад. Дар ин маврид Офтоб гох Нимкураи шимоли, гох Нимкураи чанубиро бештар гарм мекунад ва аз ин сабаб тобистони Нимкураи шимоли ба зимистони Нимкураи чануби рост меояд ва баръакс.
Огози хар як фасли сол дар астрономия бо харакати аёни Офтоб дар сфераи осмони муайян карда мешавад.
Огози бахор дар Нимкураи шимоли лахзаест, ки Офтоб аз руи эклиптика харакат карда, дар вакти гузаштан аз Нимкураи чануби ба Нимкураи шимоли (20 ё 21 март) экватори осмониро дар нуктаи эътидоли бахори мебурад. Дар лахзаи саршавии тобистон дар Нимкураи шимоли (21 ё 22 июн) Офтоб аз нуктаи шимолтарини эклиптика (нуктаи инкилоби тобистони) мегузарад. Дар лахзаи саршавии тирамох дар Нимкураи шимоли (23 сентябр) Офтоб хангоми аз Нимкураи шимоли ба Нимкураи чануби гузаштанаш экваторро бори дигар мебурад (нуктаи эътидоли тирамохи). Зимистон дар Нимкураи шимоли (21 ё 22 декабр) хангоми гузаштани Офтоб аз нуктаи чанубтарини эклиптика (нуктаи инкилоби зимистони) сар мешавад.
Азбаски мадори харакати Замин дар гирди Офтоб эллипси аст, харакати он номунтазам мебошад ва аз ин сабаб давомоти фаслхои сол як хел нест. Дар аввали январ хангоми аз перигелий гузаштан Замин ба Офтоб наздиктар буда, босуръаттар харакат мекунад. Аз ин ру, зимистон дар нимкураи шимоли нисбат ба дигар фаслхои сол кутохтар, тобистон бошад, тулонитар аст. Алхол дар Нимкураи шимоли бахор такрибан 92,8 шаборуз, тобистон 93,6, тирамох 89,8 ва зимистон 89,0 шаборуз давом мекунад. Фаслхои сол хамаги 365, 2422 шаборуз (соли тропики)-ро ташкил медиханд. Азбаски хангоми харакати Замин аз руи мадор фарки байни масофахои хурдтарин ва калонтарини он ва Офтоб нисбатан кам аст, тагйири микдори гармии Офтоб, ки Замин мегирад, ба ивазшавии фаслхои сол амалан таъсир намерасонад. Д. Саидов.