Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРМАКОЛОГИЯ

ФАРМАКОЛОГИЯ

ФАРМАКОЛОГИЯ (аз юнони pharmacon — дору ва …логия), дорушиноси, як сохаи илми тиббу биологияро гуянд, ки дорухо ва таъсири онхоро ба организми одаму хайвонот меомузад. Аввалин маълумоти мураттаб доир ба дорухо дар папируси мисрии Эберс (асри 17 то мелод) омадааст. Дар «Вандидод»-и «Авесто» хосияти шифобахшии 760, дар «Аюрведа»-и хиндухо зиёда аз 100 растании доруи тавсиф шудааст. Доир ба дорухо дар асархои Букрот (зиёда аз 250) ва Дискуридус (750) низ маълумоти муфид мавчуданд.

dorushinosi

Дар тараккиёти Фармокология Закариёи Рози, Абуалии Сино, Абумансур Муваффак ибни Алии Хирави, Абурайхони Беруни ва дигар сахми калон гузоштаанд. Сино дар «Ал-Конун» (китобхои 2 ва 5), рисолахои «Алвохия» («Файзия»), «Мохияти сиканчабин», «Косни» ва гайра доир ба масъалахои гуногуни Фармокология маълумот додааст. Китоби дуюми «Ал-Конун» хосияти шифобахшии 812 доруи содда, китоби панчуми он 716 доруи мураккаб, «Алвохия» («Файзия») 907 доруи соддаро дар бар мегирад. Алхол дар СССР зиёда аз 70 доруи дар китоби дуюми «Ал-Конун» зикршуда истифода мешавад.
Асосгузори Фармокологияи тачрибави Р. Бухгейм (Дерпт; асри 19) мебошад. Дар Россия аввалин маълумотхо доир ба растанихои доруи асрхои 16—18 пайдо шуданд. Соли 1778 аввалин фармакопеяи рус («Рharmacopoea Rossica») нашр шуд.
Фармокологияи муосир якчанд шоха — фармакодинамика (таълимотест оид ба таъсири дорухо ба организм), фармакокинетика (таълимот доир ба чаббиш, пахншави ва биотрансформасияи дорухо дар организм), Фармокологияи молекулави (таълимотест дар хусуси таъсири биохимиявии дорухо дар хучайра ва бофтахо), Фармокологияи клиники (озмоиши дорувор дар амалияи тибби ва аник кардани тарзи истифодаи онхо) таксим мешавад. Фармокология инчунин умуми ва чузъи мешавад. Фармокологияи умуми механизмхо ва конуниятхои муштараки таъсири дорухоро ба организм (вобаста ба сохти химияви, хосияти химиявию физики, таксимшавии онхо дар узву бофтахо, биотрансформасия — оксидшави, баркароршави, гидролиз ва гайра), тарзи истеъмол ва роххои тазрик (даруни, зерипусти, дохилимушаки, дохиливариди ва гайра) роххои аз организм хорич шудан, масъалахои стандартони, таснифоти дорухо ва гайраро меомузад. Фармокологияи чузъи дорухои алохидаро аз нуктаи назари таъсири хоси онхо (масалан, карахткунанда, хобовар, ва гайра) тадкик мекунад.
Фармокология бо фармасия (масалан, химияи фармасевти, фармакогнозия ва гайра), токсикология, физиологил, биохимия, биология ва гайра алокаманд аст. Дар инкишофи Фармокологияи совети Н. П. Кравков, И. П. Павлов, М. П. Николаев, Н. В. Вершинин, В. И. Скворцов, С. В. Аничков ва дигар хиссаи арзанда гузоштаанд. Дар СССР доир ба Фармокология дар Институти фармакологияи Академияи Илмхои Точикистон СССР, Институти умумииттифокии тадкикоти илмии химиявию фармацевтип ба номи С. Орджоникидзе (Москва), Ин-ти химиявию фармасевтии Харков ва гайра тадкикот мебаранд. Дар Точикистон оид ба Фармокология дар баъзе кафедраю лабораторияхои мактабкои оли ва институттхои тадкикоти илми тадкикот мебаранд.
Адабиёт: Аничков С. В., Беленкий М. П., Учебник фармакологии, Л.. 1969; Мозгов И. Б., Фармакология, Москва, 1974; Кудрин А. Н., Фармакология с основами патофизиологии, Москва. 1977; Нуралиев Ю. Н., Медисина эпохи Ависенны, Душанбе, 1981; хамон муаллиф, Медисинские трактаты Ависенны, Душанбе, 1982. Xаркевич Д. А., Фармакология, Москва, 1981. Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …