Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРХАНГИ ОИМ—ЕВАК»

«ФАРХАНГИ ОИМ—ЕВАК»

«ФАРХАНГИ ОИМ—ЕВАК» (дар транскрипсияи пахлави «Ггаhang-1 оim — еvак», айнан; фарханге, ки бо калимаи авестоии оim — «як» ва пахлавии еvак — «як» шуруъ мешавад), фарханги дузабонаи авестои —пахлави, яке аз осори лексикографии забони форсии миёна (пахлави) мебошад. Соли таълиф ва мураттиби он маълум нест. «Фарханги Оим-Евак» бо хуруфи авестои ва пахлави китобат шуда, 1000 калимаи авестои, 2200 калимаи пахлави, 833 калимаи бегона (ороми) ва 24 калимаи позандиро (ниг. Позанд) дар бар мегирад. «Фарханги Оим-Евак» аз 27 боб иборат буда, чанде аз онхо — бобхои 1—4 ва 25—27 аз руи мавзуъ, як кисми боби 4 ва бобхои 5—24 мутобики алифбои авестои мураттаб гардидаанд. Дар «Фарханги Оим-Евак» шуморахои микдори ва тартиби, човишинхо, сифатхо бо префикси hu — «хуб», узвхои бадани инсон, пайвандакхо, истилохоти дини, хислатхои инсон, вохидхои андоза (ангушт, кадам), шаборуз ва кисмхои он тафсир шудаанд. Бобхои ба тартиби алифбо сохташуда нопурра буда, хамаги доир ба 24 харфи авестои мисолхо оварда шудаанд; дар алифбои авестои бошад, 48 харф ва 44 овоз вучуд дорад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …