Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАХРИИ РУМОНИ

ФАХРИИ РУМОНИ

ФАХРИИ РУМОНИ Саидакрами Саидхофиз (1829, дехаи Румони хозира раёни Хучанд—1914, хамон чо), шоири халкии точик. Аз оилаи косиб. Бо бордори, дехкони ва косиби машгул будааст. Фахрии Румони дар ашъораш, ки аз газалу маснави, рубои иборат буда, дар таъсири назми классикии форс-точик ва эчодиёти даханакии халк эчод шудаанд, ахли мехнатро тараннум карда, бар зидди зулму беадолатихои хокимон эътироз намудааст:
Равнаки кори факирон аз кучо гирад ривоч,
Медихад бо нархи галла косибон хар хафта боч.
Кок шуд коку мавиз, харгиз нашуд якдон самар,
Боз бар болои ин султон мегирад хироч
У махсусан дар сурудани ашъори лирики махорати баланд доштааст («Чалак-палак», «Эй мухити чониё» ва гайра). Омузиши эчодиёти Фахрии Румони аз солхои 30 огоз ёфтааст. М. Турсунзода бори аввал дар «Намунаи фолклори точик» (2, 1940) баъзе шеърхои уро дарч карда буд. Ашъораш дар китобхои дарси ва асархои илми низ ба табъ расидаанд. Якчанд шеър ба забони узбеки ва муламмаъхо (точикию узбеки) навиштааст, ки дар баёзе фарохам омадаанд. В. Асрори.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.