Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ЭРОЗИЯИ ХОК

ЭРОЗИЯИ ХОК

ЭРОЗИЯИ ХОК, эрозияи замин, обшусташавии хок, аз обу бод вайрон шудани хокро гуянд. Обшусташавии хок дар нишебихое, ки обхои борон ё барф чори мешаванд, ба амал меояд. Э. х. сатхи (сатхи хок нисбатан як бел обшуй мешавад), равон (оббурдахои на чандон чукур ба амал меоянд ва онхоро хангоми кишту кори замин ба осони бартараф кардан мумкин) ва чукур (хоку чинсхои кухиро селоба мешуяд) мешавад. Бодхурдашавии хок ё дефляция дар хар гуна рельефи замин, аз он чумла дар замини хамвор низ руй медихад. Бодхурдашавии хок доими (шамоли суст заррахои хокро ба хаво бардошта, ба чойхои дигар мебарад) ва даври—хокбод (шамоли сахт хоки  сатхи заминро баъзан якчоя бо кишти ба хаво бардошта, ба масофахои дур мебарад) мешавад.

eroziya

Дар СССР мубориза ба мукобили Э. х. яке аз вазифахои мухимтарини давлати дар инкишофи х. к. мебошад. Барои халли он мачмуи тадбирхои зиддиэрозии агротехники, мелиоративи, гидротехники ва хочаги меандешанд. Тадбирхои агротехники — киштукори китъахо, кишти кундаланги нишебихо, шудгори чукур (зиёда аз 22 см), шудгори такрор (баъди 2—3 сол), шудгор ва нарм кардани хок ба танзими оби барфу борон мусоидат намуда, обшусташавии хокро хеле кам мекунад. Дар нохияхое, ки бодхурдашавии хок бештар руй медихад, сатхи заминро бо култиваторхо нарм мекунанд, ки дар натича суръати бодхурдашавии хок суст шуда, нами захира мегардад. Дар тамоми нохияхое, ки Э. х. мушохида мешавад, киштгардони мухофизи хок, инчунин кишти зироати кадбаланди х. к. ахамияти калон дорад. Тадбирхои мелиоративи (бешазори мухофиз) ва гидротехники (дар нишебихои рост буньёд кардани зинабог) низ самарабахшанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …