Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии ТУНИС

Чумхурии ТУНИС

ТУНИС, Республикаи Тунис давлатест дар шимоли Африка. Масохаташ 164,2 хазор км2. Ахолиаш 6,9 млн нафар (1963); асосан арабхои Тунис Забони расми—араби. Ба дини ислом эътикод доранд. Пойтахташ шахри Тунис. Аз чихати маъмури ба 18 вилоят таксим шудааст. Сардори давлат — президент. Органи олии конунбарор — Мачлиси милли. Худуди Тунисро хамворихои наздисохили, кисми шарки куххои Атлас ва кисми шимоли Сахрои Кабир ишгол кардаанд. Иклимаш субтропикии бахримиёна замини, дар чануб тропикии биёбонист. Харорати миёнаи январи дар шимол 10°С, дар чануб 21°С, июл мутаносибан 26 ва 33°С. Боришоти солона аз 100 мм то 1000 мм (аз чануб ба шимол торафт зиёд мешавад). Дар куххо бешахо (аз чумла пукбулут) мавчуданд.

j-tunis
Такрибан дар асри 12 то мелод дар худуди Тунис касабахои финикихо пайдо шуданд, ки яке аз касабахои калонтарин Карфаген буд. Дар асри 2 то мелод римиён кисми шимоли шарки Тунисро забт карданд, то миёнаи асри 1 бошад тамоми Тунис ба ихтиёри римиён гузашт. Аз асри 5 дар зери хокимияти вандалхо ва сипас Византия буд. Аз аввали асри 8 дар хайати Хилофати араб ва аз соли 800 давлати мустакил аст. Соли 909 дар Тунис давлати Фотимиён барпо шуд. Солхои 1160—1229 дар хайати давлати махадиён буд. Солхои 1229— 1574 дар Тунс Хафсиён хукмрони мекарданд. Солхои 1574—1881 дар хайати империяи Усмония; аз соли 1591 Тунисро амалан дейхои тунис, 1612—1702 бейхои сулолаи Муродидиён ва аз соли 1705 бейхои сулолаи Хусайниён идора мекарданд. Солхои 1881—1956 Тунис протекторати Франция ва аз ноябри 1942 то майи 1943 дар зери истилои кушунхои Италияю Германия буд Партияи Коммунистии Тунис (таъсисаш 1939) бар зидди фашистони истилогар мубориза бурд. Баъди Чанги дуюми чахони муооризаи миллию озодихохонаи халки Тунис, ки ба он партияи «Дустури Нав» рохбари мекард, авч гирифт. 20 марти 1956 истиклолияти Тунис эълон шуд, аз 25 июли 1957 Тунис— республика. Аз соли 1956 Тунис бо СССР алокаи дипломати дорад.
Асоси иктисодиёти Тунис хочагии кишлок ва саноати истихрочи маъдани кухи (фосфорит, ыефт, маъдани охан, маъдани полиметалли) аст. Галладона (гандум, чав, чуворимакка ва гайра), сабзавот мекоранд; ток ва зайтун парвариш мекунанд. Гов, гусфанд, буз, уштурро бештар мепарваранд. Мохигири низ таракки кардааст. Корхонахои саноати бофандаги, хуроквори, адвиёт, металурги, коркарди металл ва химия мавчуд аст. Тули рохи охан 2,2 хазор км, рохи автомобилгард зиёда аз 52 хазор км. Бандархои асосиаш: Сахира, Сфакс. Ба хорича фосфорит, нефт, равгани зайтун, маъдан, машрубот мебарорад. Шарики асосии тичоратиаш — Франсия. Вохиди пул — динори туниси.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …