БОНКИ ЗАМОНАТИ, бонки махсусе, ки фаъолияти он аз додани кредитхои замонати, яъне, кредит дар асоси ба гарав мондани амволи гайриманкул ё харидани он иборат аст. Карзхои Бонки замонати дарозмухлат мебошанд. Сарчашмаи маблаги Бонки замонати аз хисоби пардохтхои аввалин ва маблаги мизочон, хусусан онхое, ки хохиши гирифтани кредити замонати доранд, инчунин сармояи худи бонк аст. Бонки замонати вобаста ба тарзу додани карзхо замини (дар асоси ба гарав мондани замин), мелиоративи (барои ичрои карзхои обёри) ва коммунали (дар асоси пешниход намудани амволи гайриманкули шахри) мешавад. Бонки замонати барои рушди иктисодиёти мамлакат мухим аст.
Ш. Дустбоев.