БОНКИ УМУМИЧАХОНИ (англ. World Bank ), созмони байналмилалии молияви, ки бо максади расондани ёрии молияви ва техники ба кишвархои рушдёбанда соли 1944 дар конференсияи Бреттон-Вуд (ИМА) ташкил карда шудааст. Бонки Умумичахони (дар баробари Хазинаи байналмилалии асъор) яке аз созмонхои бузурги молиявии чахон мебошад. Он бори нахуст ба кишвархои Аврупои Гарби пас аз Чанги дуюми чахони дар пардохти карз фаъолона хиссагузори намудааст. Хадафхои Бонки Умумичахони: мусоидат намудан ба чахонишавии устувор ба нафъи тамоми табакахои ахоли; кам кардани сатхи камбизоати; суръатбахши ба рушди иктисоди бе расонидани зарар ба мухити атроф; аз байн бурдани камбагалию гуруснаги, таъмини фарогирии маълумоти умумии ибтидои; ташвики баробари миёни зану мард ва васеъсозии хукуку имконоти занон; паст намудани сатхи фавти кудакон, бехсозии вазъи хифзи модарон; мубориза бо ВИЧ / СПИД, табларза ва беморихои дигар. Бонки Умумичахони вазифахои чахонии рушди инсонро барраси намуда, барои ниёзмандон бо фоизхои паст карз пешниход менамояд. Ду муассисаи бонкии бо хам зич алокаманди он – Бонки байналмилалии тачдид ва рушд (ББТР) ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) барои кишвархое, ки ба бозорхои сармояи чахон дастраси надоранд, бо фоизхои паст, фоизи сифри карз ва ё кумаки бебозгашт (грант) медиханд. Бонки Умумичахони бар хилофи муасссисахои дигари молиявии чахони барои гирифтани фоида намекушад. Дар солхои 1968-80 фаъолияти Бонки Умумичахони барои расондани ёри ба кишвархои рушдёбанда равона гашта буд. Айни замон Бонки Умумичахони дар сармоягузории беш аз 1800 лоиха дар тамоми сохахои иктисоди кишвархои рушдёбанда, ба мисли Босния ва Херсоговина, Гвинея, Бангладеш, Мексика, Тимори Шарки, Хиндустон ва кишвархои Осиёи Маркази, аз чумла Чумхурии Точикистон амалан ширкат дорад. Бонки Умумичахони дар бештар аз 100 кишвари чахон намояндаги дорад, ки дар онхо зиёда аз 10 хазор нафар фаъолият мекунанд. Кароргохи асосии Бонки Умумичахони дар Вашингтон аст.
Чумхурии Точикистон соли 1993 узви Бонки умумичахони ва дар соли 1994 шомили Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) гардид. Намояндагии Бонки Умумичахони дар Чумхурии Точикистон октябри 1996 таъсис дода шуд. Аз соли 1996 Бонки умумичахони ба Точикистон такрибан 850 миллион доллари ИМА карз ва ёрихои бебозгашт (грантхо) чудо намудааст. Такрибан 34 дарсади маблаги мазкур барои рушди сохаи кишоварзи ва дехот чудо шудааст. Сохахои асосии дигаре, ки дар чумхури тавассути АБР аз соли 1996 мавриди дастгирии Бонки Умумичахони карор дода шуданд, сиёсати иктисоди ва бахши давлати (17%), энергетика (15%), сохаи обтаъминкуни (15%), сохаи тандурусти ва хифзи ичтимои (9%) ва сохаи маориф (10%) мебошанд. Соли 2013 20-солагии хамкорихои Точикистон ва Бонки умумичахони чаши гирифта шуд.
Адабиёт: Britanica. Настольная энциклопедия. Москва, 2008; Деньги, кредит. банки (учебник) / Под ред. Жукова Е. Ф. Москва, 2009; Финансы. / Под ред. Архипова А. И., Погосова И. 3. Москва, 2009.
Ш. Рахимзода.