БОЛИВИЯ (Bolivia), Чумхурии Боливия (Pepublica de Bolivia); аз 20.10.2010 номи расмиаш – Давлати бисёрмиллати Боливия (испани Estado Plurinacional de Bolivia), давлат дар кисмати марказии Амрикои Чануби. Дар шимол ва гарб бо Бразилия, дар чануби шарки бо Парагвай, дар гарб бо Чили ва Перу, дар чануб бо Аргентина хамсархад аст. Масохаташ 1098581 км2, ахолиаш 10,9 млн (2012). Пойахти расмиаш – Сукри, маъмулиаш – Ла-Пас. Ба 9 департаменти расми: Кочабамба, Ла-Пас, Оруро, Пандо, Потоси, Санта-Крус, Тариха ва Чукисака чудо мешавад. Иди милли – Рузи Истиклол – 6 август (аз 1825), вохиди пули – боливиано.
Сохтори давлати. Боливия чумхурии вохиди президентист. Сардори давлат, хукумат ва сарфармондехи куввахои мусаллахаш Президент буда, хамрохи ноиби президент (дар руйхати ягона) ба мухлати 5 сол интихоб мешавад. Макоми олии конунгузори Боливия Конгресси милли мебошад, ки аз Палатаи намояндагон (130 нафар, намояндагони хизбхо ва харакатхо) ва Палатаи сенаторхо (36 нафар) иборат аст. Суди Оли, судхои округи ва махалли амал мекунанд. Аъзои Суди Оли ва Суди конститутсиони аз чумлаи аъзои Конгресси милли ба мухлати 10 сол, бидуни хукуки азнавинтихобшави, баргузида мешаванд. Боливия узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Давлатхои Амрико, Гурухи Анд ва гайра мебошад.
Табиат. Боливия дар минтакахои субэкватори ва тропикии Нимкураи Чануби вокеъ буда, дар гарб кисми асосии Анди Маркази ва дар шахри пастихои пахноварро ишгол кардааст. Силсилаи куххои Анд ба ду шоха – каторкух0и Гарби ва каторкухи Шарки (дар байнашон теппакуххои Пуна, баландиашон то 3-4 хазор метр) таксим шуда, дар Гарб ба Кордил йераи Гарби ва дар шахри ба Кордилйера-Реал (каторкуххои баландтаринаш Иллимани – 6682 метр, Анковма – 6550 метр) мепайванданд. Аз Кордилйераи Шарки бо саргахи дехахои Бени ва Маморе, дараву водихои онхо чудо гардидаанд. Хамворихои кисми шимоли шаркии мамлакат то ба Пастихои Амазония мерасанд.
Сохти геологи. Кисми гарбии Боливия дар худуди минтакаи чиндори куххои Анд, кисми шаркиаш дар платформаи Амрикои Чануби чой гирифта, аз минтакахои вулканафшони давраи кайнозой (Кордилйера)-и фурухамидагихои таркишдори кишри замин (Аптиплано) иборат аст. Кордилйерахои Марказию Шарки аз кабатхои бахрии даврахои кембрий, ордовик, силур ва девон, тахнишастхои китъавии карбон, бур ва палеоген, кисми платформаи Амрикои Чанубии мансуби Боливия аз гнейсхои давраи токембрий, сланетсхо ва гранитхо ташаккул ёфтаанд. Захирахои бузурги минерал, нафт, газ, волфрам, сурма, нукра, тилло, мис, улексит, конхои охан, марганетс, уран, кварс, намаксанг, мармар, бентонит, сангхои кимати дорад.
Иклим. Боливия дар минтакаи иклими тропикии баландкух (Пуна, Кордилйераи Гарби) ва нимбиёбон (дар гарб) вокеъ гардида, харорати миёнаи июл 3-7°С, январ – 9 -11°С мебошад. Бодхои шадид ва зудтагйирёбии иклим мушохида мегардад; барфи куллахои баланду пиряххо об намешавад. Хамворихои кисмати шарки 4-5 мох, шимол Боливия то 9 мох ба хушкшави гирифтор мешаванд. Дар чануби мамлакат харорати миёнаи июл 17-22° С, январ 24-28° С, микдори боришоти солона дар шимол 1300-1600 мм, дар чануб то 800 мм мебошад. Боливия захирахои обии фаровон дорад: кули бузурги Титикака (дар баландии 3810 м); дарёхои Десагуадеро, Бени, Маморе, Гуапоре якчо шуда, дарёи Мадейра (шохоби Амазонка)-ро ташкил медиханд. Дарёхои кисми шаркии Боливия, гайри Пилкомайо ва Парапети аз шиддати гармо мехушканд.
Хок, наботот. Алтипламои Гарбиро нимбиёбонхо, кисмати шаркии мамлакатро даштхои тропикии баландкух ишгол кардаанд. Нишебихои шаркии куххои Анд аз бешахои тропики, хамворихои шарки аз саваннахо, кисми чануби аз ботлокзорхо иборатанд. Дар бешахо дарахтони нахл, каучук, хинни, буттаи кока, найшакар, авокадо, муз ва гайра меруянд. Олами хайвонот бештар аз лама, гуанако, маймунхо, тапирхо иборат буда, паранда, хоянда, хазанда ва хашароти гуногуни буми (тахчои) вомехуранд. 12 боги милли дорад (машхуртаринашон – Ноэл Кемпфф Меркадо, ки соли 2000 ба Руйхати Мероси умумичахонии ЮНЕСКО ворид гардид). Обхезихо, сармои шадид, дар баландкуххо – хатархои табии; косташавии худуди бешазорон, бодлеси (эрозия)-и хок, биёбоншави, камшавии намудхои мавчудоти биологи, аз байн рафтани навъхои эндемики, ифлосшавии об масоили экологии Боливия мебошанд.
Ахоли. Асоси ахолии Боливияро дурагахо (метисхо)-и испанию Хиндуии ба ном чоло ташкил медихад, ки шумораашон аз хисоби омезиш бо намояндагони дигар кабилахои хинду афзун мегардад. Хиндухои кечва 30%, аймора 25% ва насли сафедпусти бо аврупоихо даромехта (бештар бо испанихо) 15 дарсади ахолиро ташкил медиханд. Сокинони бешахои тропикии шарки мамлакатро «Хиндухои чангали» меноманд. Забонхои расми испани, кечва, аймора буда, «Хиндухои чангали» ба забонхои гуногуни мансуби оилаи забонхои тупи-гуарони ва араваки харф мезананд. 95 дарсади ахолии Боливия католикхо, бокимонда муътакидони мазхабхои анъанавии махалли ва динхои дигар мебошанд. Хисоби миёнаи дарозумри 65,5 сол (мардхо – 62,9, занхо – 68.2) буда, ахоли бештар аз беморихои саратон, варана, сил, исхоли хунин мефавтад. Зичии ахоли ба хисоби миёна 80,1 нафар дар 1 км2. 63 дарсади ахоли шахрнишин, дар департаментхои Кочабамба ва Ла-Пас беш аз 8 дарсади ахолии кобили мехнат бекор (2010) буда, 93 дарсади мардхо ва 80 дарсади занхо босаводанд.
Таърих. Дар худуди кунунии Боливия аз замонхои кадим кабилахои хиндуёни Амрико – офарандагони тамаддуни баланди Вискачани (асрхои 10—8 то милод) ва Тиауанако (хазорсолаи 1 то милод – хазорсолаи I милоди) маскунанд. Дар асри 14 халкияти аймора, ки дар байнашон коляхо буданд, аз чониби инкхо (кечва) тасарруф ва ба яке аз чахор музофот – Колясуйуи давлати Тавантинсуйу хамрох карда шуданд. Солхои 1532-38 Колясуйуро испанихо гасб намуда, ба хайати ноиб-шохигарии Перу, ки Перуи Боло ё Бошишгохи шохи Чаркас ном дошт, ворид карданд (1776 дар таркиби Ла-Плата). Дар он замон Перу бузургтарин истихрочкунандаи нукра ва Патоси калонтарин шахр дар худуди мулкхои испанияги буданд. Ахолии тахчои зидди истибдодгарони испанияги шуриш мебардошт (хуручи солхои 1780-81 тахти сарварии бародарон Катари). Хамсангари муборизи шухратманди Амрикои Чануби Симон Боливар – А. Сукре дар наздикихои мавзеи Аякучо лашкари Испанияро саркуб кард. 6.8.1825 Перуи Боло сохибистиклол эълон шуда, чумхурии чавонро ба шарафи Боливар Боливия ном ниходанд. Конститутсияи аввалин соли 1826 кабул гардид. Солхои 1836-39 Боливия ба Конфедератсияи Перу – Боливия дохил буд. Дар асри 19 Боливия ба номунтазамии хаёти сиёси-ичтимои ва табаддулоти сершумор мувочех буд. Зиддият бо давлатхои хамсоя мучиби аз даст рафтани як кисми худудаш гашт. Дар натичаи чангхо барои дарёфти нуфуз дар Укёнуси Ором (1864-66 ва 1879—84) Боливия аз рохи баромад ба сохил махрум шуд. Дар давраи Чанги якуми чахони (1914-18) Боливия, агарчи сиёсати бетарафиро пеш мебурд, Антантаро бо махсулоти саноати кухкори таъмин мекард; соли 1917 муносибатхои дипломатиашро бо Олмон катъ кард. Хангоми чанги байни Чаку Парагвай (1932—35) Боливия аз се ду хиссаи худуди бахсноки минтакаи нафтдори Чако-Бореалро аз даст дод. Баъди табаддулоти харби ва сари кудрат омадани X. Д. Торо Руйлова (1936—37) ва X. Буш Бесерра (1937-39) фаъолияти монополияхои хоричи махдуд ва тамоми захирахои табиии мамлакат милли кунонида шуданд. Дар апрели 1943 Боливия зидди Олмон, Итолиё ва Чопон чанг эълон кард. Зимни табаддулоти харбии мохи декабри 1943 хукумати миллатгарои Г. Вилярроэл сари кудрат омада, баъди куштори у (1946) хокимият ба дасти хунтаи харби гузашт. Дар натичаи инкилоби соли 1952 саноати кухкори милли, маориф демократи, хукуки Хиндухо бо сокинони дигар баробар карда шуд. Нобасомонихои иктисодии солхои 1952-56 ва 1960- 64 хукумати миллатгароёни Боливияро водор кард, ки ба хусусигардонии объектхои бахши давлати ва ёрии созмонхои мададгори Амрикои Чануби ва давлатхои дигар руй оварад. Солхои 1964-82 дар Боливия чандин хукумату низом хамдигарро иваз карданд (аз давраи сохибистиклол эълон шудан Боливия 190 табаддулоти давлатиро аз сар гузаронд), аз чумла отряди партизании Б. Э. Че Гевара торумор карда шуд. Иктисоди Боливия пасту боло мерафт, ба бухронхо гирифтор мешуд. Харакату хизбхои дар парламент голибомада хам гох муваффак мешуданду гох ба истеъфо мерафтанд. Масалан, давраи начандон тулони В. Пас Эстенссоро бори чахорум (1985-89) президенти Боливия интихоб шуд. Пешвои харакати инкилобии чапгаро X. Паса Самора (1989-93), намояндаи харакати MNR Г. Санчес де Лосада (1993-97) ва дигар шахсони сари кудратомада наметавонистанд масоили иктисодию сиёси, бекори, мухолифати байни кавмхо ва гайраро хал намоянд. Минбаъд диккати асоси боз ба хусусигардонии иктисодиёт, либерализатсияи савдои хоричи, паст кардани бекадршавии пули милли ва чорахои дигар равона шуд, аммо суръати сусти рушди иктисод болоравии вокеиро таъмин карда натавонист. Соли 1997 хукумфармои собик У. Бансер Сварес президенти Боливия интихоб шуда, соли 2001, аз сабаби вазъи бади саломати, истеъфо дод (соли 2002 вафот кард). Соли 2002 президенти навинтихобшуда Г. Санчес де Лосада ба эътирозхои хунини оммавии халк тоб наоварда, мачбуран ба истеъфо рафт. К. Д. Месса хам баъди чанде хукуматрони (2003-05) вазифаро тарк кард. Соли 2003 дар мамлакат «чанги газ» рух дод. Шуришгарон милликунонии саноати газ ва тахти назорати давлат карор доданн онро талаб мекарданд. 10.6.2009 Президенти Боливия Эво Моралес Айма декрете ба имзо расонд, ки мувофики он Боливия «Давлати бисёрмиллати Боливия» номида шуд. 20.10.2010 Боливия бо Перу карордод ба имзо расонд, ки мувофики он як китъа замини наздисохилии Перу ба мухлати 99 сол ба Боливия ичора дода шуд, то дар он барои худ бандар созад. Хамин тарик, барои Боливия баъди 127 сол боз рох ба укёнус кушода шуд.
Баъди бозгашт ба сохти конститутсиони дар Боливия 70 хизби сиёси ба кайд гирифта шуд, ки бузургтаринашон Харакат ба суйи сотсиализм, Харакати инкилоби миллатгаро, Вахдати милли, Неруи нави чумхуриятталаб ва гайра мебошанд. Созмонхои иттифокхои касабаи Боливия: Маркази коргарии Боливия, Конфедератсияи вохиди иттифоки касабаи коргарону дехконони Боливия. Дар Боливия инчунин созмони Харакати Хиндухои Пачакути ва дигар созмонхои мардуми тахчои ва харакатхои экологи фаъолият доранд.
Иктисодиёт. Боливия яке аз давлатхои нодортарин ва рушднакардаи Амрикои Лотини мебошад. Ибтидои асри 20 таъмингари асосии ашёи хоми минерали барои саноати филиззоти рангаи ИМА ва Аврупо гашт. Баъди паст рафтани нархи махсулоти содироти Боливия ба содироти гази табии, соя ва махсулоти аз он тайёршуда пардохт. Азбаски шабакахои наклиётии комил надорад, минтакахои канории мамлакат аз марказхои иктисоди дур афтодаанд ва додугирифтро дар сархадоти давлатхои хамсоя анчом медиханд. Дар иктисодиёт бахши хусуси бартари дорад. Ширкатхои бузурги «Корпорасйон минера Боливяна (COMI-BOL), «Ясимйентос петролиферос фискалес Боливянос» (YPFB), кисми сайрхатхои авиатсиони, шабакахои телефони, рохи охан, электроэнергия ва гайра хусусианд. Маблаггузорону сохибкорони хоричи метавонанд дар хамаи сохахои иктисоди Боливия бемамониат ва бидуни бакайдгири фаъолият кунанд. Боливия 9 минтакаи озоди иктисоди дорад. Дар Боливия назорати асъори вучуд надорад. Мубодилаи пули ва пардохтхо асосан (92%) бо доллари ИМА сурат мегиранд.
Саноат. Дар Боливия асосан корхонахои хурди истехсоли дасти ва хунарманди фаъолият доранд. Бахши гайридавлати ва иктисодиёти пасипардаги озодона амал мекунанд. Саноати истихрочкунанда (висмут, кургошим, рух, мис, нукра ва тило) асоси иктисоди Боливия мебошад. Дар истихрочи сурма дар чахон чойи аввалро ишгол мекунад. Истихрочи гази табии ва нафт хам бахши мухимми содирот аст. НБО-хои калони Боливия: Санта-Исабел дар дарёи Вара-Вара, Кобрани ва Кава дар дарёхои хамном. Саноати коркарди махсулот асосан талаботи дохилиро таъмин мекунад (махсулоти гизои, тамоку; нассочи, мебел, чармгари, коркарди чуб ва гайра). Заводхои начандон калони сементу коркарди нафт, муассисахои васлкунандаи тачхизоту мошинхо (дар Ла-Пас) мавчуданд.
Кишоварзи. Дар баъзе минтакахои Боливия заминдорихои калом махфуз мондаанд. Дар атрофи шахрхо ва дигар мавзеъхои ахолинишин мачмаахои агросаноати ва хочагихои фермери ташкил ёфтаанд (заминхои корам каманд). Рустанипарвари, сабзавоткори, кишти галладона (водихои д. Кочабамба), шоли, найшакар, кофе, какао; аз зироатхои техники кишти пахта ба рох андохта шудааст. Маводи мухаддир дар доманакуххои Анд кишт карда мешаванд; аз чихати кишти кока дар чахон чойи севвумро ишгол мекунад (баъди Колумбия ва Перу). Дар чорводори парвариши чорвои калони шохдор, гусфанд, буз, хук, алпак афзалият доранд. Дар хочагии чангал истехсоли пустлохи дарахти хино, каучук бештар ба назар мерасад. Мохидори дар сатхи саноати нест.
Наклиёт. Дар Боливия шабакаи наклиёт таракки накардааст. Дарозии рохи охан хамаги 3519 км буда, Боливияро бо Чили, Аргентина, Бразилия ва Перу мепайвандад. Роххои мошингард – наздики 70 хазор км. Ширкатхои «Эйросур»-у «Ллойд аэрео боливяно» таъмингари асосии роххои хавоиянд. Боливия 1067 аэропорт дорад (танхо хатти давиши самолёт дар 16-тоаш асфалтпуш аст). Роххои оби бештар таракки кардаанд; бандархои асоси – Кобиха (д. Акри), Рурренабаке (д. Бени) ва Пуэрто-Сварес (д. Парагвай). Лулахои интиколи газу нафт дорад. Шарикони тичорати Боливия Бразилия, Чопон, Венесуэла, ИМА, Колумбия, Швейтсария, Руссия. Боливия табиати зебо дошта бошад хам, сохаи сайёхи таракки накардааст. 64 дарсади ахоли камбизоат, 21,7% хеле факиранд. Сохаи тандурусти низ кафомонда буда, беморихои сирояткунанда бисёранд. Бо вучуди ин, Маркази тиббии Боливия (чаррохии дилу раг) ва Маркази ташхиси радиологии «Докторес Контресис», клиникахои назди донишгоххои Боливия машхуранд. Футбол, голф, варзиши сабук намудхои маъмули варзишанд. Кумитаи олимпии Боливия соли 1932 таъсис ёфтааст.
Маориф. Сатхи маърифатнокии ахолии аз 19-сола боло наздики 88%. Маориф таълимоти томактаби (то 6-сола), ибтидои, миёна ва олиро таъмин мекунад. Вазорати маориф, фарханг ва варзиш дар асоси конуни соли 1994 кабулшуда фаъолият мекунанд. Тахсилоти ибтидои ва миёна асосан давлатианд. 12 донишгохи давлати, 37 донишгохи хусуси дорад.
Илм. Тахкикоти илми хуб рохандози шудааст. Сатхи кунунии соха соли 1991 ташаккул ёфтааст. Рохбари шурои миллии илму технологияхо – ноиби президенти кишвар аст, ки ба хайати он вазирони маориф, фарханг, варзиш, рохбарони Кумитаи ичроияи донишгоххои Боливия, Ассотсиатсияи миллии донишгоххои хусуси, Академияи миллии илмхо, намояндагони департаментхо шомиланд. Тахкикоти илмиро шуро ташкилу назорат, Раёсати генералии илму технология маблаггузори менамояд. Марказхои тахкикоти илмии донишгоххо мавкеи махсус доранд (пажухишгоххои тибби, генетики, биологияи молекулави, агрономи, кишоварзии тропики, кухкори, нафту кимиё, илмхои чамъияти). Пойгохи биологии Бени, Расадхонаи миллии астрономи, институтхои тахкикоти фундаменталии сохахои нафту кимиё, технологияхои кишоварзи амал мекунанд. 160 мачаллаи илми ва илми-оммави нашр мешавад.
Адабиёти Боливия ба забонхои испани, кечва ва аймара эчод мешавад. Ёдгори адабии давраи токолумби драмаи халкии «Алу-Олантой» мебошад, ки ба забони кечва эчод шуда, соли 1853 ба табъ расидааст. Сурудхои гимнмонанд дар мавзуи парастиши Офтоб (хайля) маълуманд. Адабиёти кечва дар шакли шифохи расидааст. Асархои Ф. Гваман Пома (Хинду) ва рохиб А. де Каланча, инчунин ахбори «Таърихи шахри империявии Потоси» ба мавзуи хаёту маишати даврони мустамликави бахшида шудаанд. Симохои намоёни даврони истиклолхохи, намояндагони лирикаи ватандусти X. И. Санхинес ва X. Валпарримачи Майта мебошанд. Адабиёти асри 19-и Боливия дар равияхои романтизм (Р. X. Бустаманте) ва модернизм (Р. Хаймес Фрейре, Ф. Тамайо ва Г. Рейнолдс) падид омадааст. Эчодиёти публитсист ва таърихнигор Г. Р. Морено, нависанда Н. Агирре (романи «Хуан де ла Роса. Ёддошти охирин сарбози чанг барои истиклол») мавкеи махсус дорад. Охири асри 19 адабиёт ба тасвири хаёти кабилахои тахчои, урфу одат ва расму ойини онхо ру овард. Дар адабиёти асри 20 реализм мавкеъ пайдо кард (романхои «Хаёти креолхо» ва «Нажоди биринчи»-и А. Аргедас). Гояи бо таъйиноти махсус – хамчун муночи ва махди (мессия) ба замин нозил шудани Хиндувон (индейхо) дар асархои Т. Мароф (номи аслиаш Г. А. Наварро) «Светонио Пимйента», «Волл-стрит ва гуруснаги» ва гайра инъикос ёфтааст. Чанги Чак (1932-35) ба инкишофи адабиёти зиддичанги ва эътирози ичтимои («Туфони оташин»-и О. Серруто, «Хуни дурагахо»-и А. Сеспапес) мусоидат намуд. X. Лара чун ифодагари бедории миллии Хиндувон ва хомии манфиати онхо падид омад (повести «Репетё», романхои «Янакуна», «Хуни мо», «Часорат»). Солхои 1950 ва минбаъд асархои фалсафию равони (А. Касерес, Ромеро) фарогири мавзуъхои шикасти рухи, зиддиятхои ичтимои, модернисти ва сюрреалисти эчод шуданд. И. Бадрегап, А. Кардона Торрико, Р. Эчасу, Э. Митре, Р. Поппе, С. Мендисабл, В. Монтойа, Э. Пас Солдан адибони машхури охири асри 20 ва аввали асри 21-и Боливия мебошанд.
Меъмори ва санъати тасвири. Аз бокимондахои ахди кадими Боливия харобахои Тиаванако, ки вобастаи санъати инкхост, кобили тазаккур мебошад (иншооти сангаи Дарвозаи Офтоб, асри 8, дар сохили кули Титикака). Дар даврони мустамликави дар меъмори услуби бароккои испани («услуби метиси»), яъне, омехтаи хунари биносозии испани бо махалли маъмул буд; айни он дар санъати тасвири хам ба мушохида мерасад. Ибтидои асри 19 бинохо дар доираи услуби класситсизм, минбаъд (асри 20) дар заминаи функсионализми аврупои сохта мешуданд (меъморон Г. Медейрос, Л. Вапкарел). Санъати тасвирии асрхои 19-20 омезиши анъанахои милли ва модернизми аврупоист: мусавварахои Н. Ногалес ва С. Гусман де Рохас, мучассамахои И. Римши; деворнигорахои гурухи эчодии «Антео», асархои дар услуби постмодернизм офаридаи Р. Валкарел.
Мусики. Фарханги мусикии Боливия бо эчодиёти мардуми тахчоии сарзамин – кечва, аймара ва креолхо (авлоди аввалин испанихо ва португалихои дар Боливия маскуншуда) зухур кардааст. Сурудхои лирикии ичрояшон гуногун: багвала, ярави, видала, ванка, тристе ва гайра маъмуланд. Аз созхои мусикии милли кена, найи Пан, эрке (нафаси), бомбо ва каха (зарби); дар байни креолхо гитара ва чаранго маъмуланд. Мусикии милли бештар дар эчодиёти Т. Варгас Кандиа, С. Ронкал ва М. Валда мавкеъ дорад. Э. Каба ва X. М. Веласко Майдана хунармандони машхури бурунмарзии Боливия мебошанд. Охангсозони касбии нимаи дуввуми асри 20 мусикии миллиро бо унсурхои ичрои равияи авангард омезиш додаанд. Санъати балетро дар Болиия ду гурухи касбии эчоди – балети миллии фолклори (аз соли 1975) ва Балети расмии Боливия (аз соли 1951) муаррифи мекунанд, ки муттасил ба давлатхои дигари Амрикои Лотини ва Аврупо сафархои хунари карда, кариб дар 60 фестивали фолклории чахон ширкат варзидаанд.
Театр. Аз давраи токолумби драмаи «Алу-Олантой» расида, дар замони мустамликави дар Потоси аз чониби таргибгарони католитсизм сахнахо дар мавзуи Инчил ичро мегардиданд. Солхои 1617-19 дар шахри Ла-Пас ду театр таъсис ёфта, аввалин пйесаи милли (дар мавзуи шуриши Хиндувон тахти рохбарии бародарон Катари) ба сахна гузошта шудааст. Баъди сохибистиклол шудани Боливия театр асосан тахти таъсири осори сахнавии испани карор дошт. Соли 1834 дар Кочабамба аввалин асари милли— пйесаи X. Мендес «Ихтиёр ба духтарон» руйи сахна омад. Минбаъд драматургияи милли ба мавзуъхои замон, ичтимоъ руй овард. Солхои 1930 дар Боливия хамаги 2 театр фаъолият мекард; солхои 1950-60 труппахои зиёди нимкасби пайдо шуданд (машхуртаринашон Театри миллии Колясуёи назди Донишгохи техникии Оруро). Аз солхои 1960 санъати сахнави дар мачрои театри нави Амрикои Лотини (драманависон А. Коста ду Реле ва Р. Салмон) инкишоф ёфта, як катор театрхои тачрибави ва театрхои касби арзи вучуд карданд (дар Ла-Пас, Бени, Кочабамба, Сукра). Дар онхо бар замми осори классикии В. Шекспир, А. Чехов, Э. Ионеску, Г. Гарсна Маркес, Б. Брехт асархои драматургияи милли ба сахна гузошта мешуданд. Соли 1998 иттиходияи театрхои касбии «Утопос» ва ассотсиатсияи «Театри мустакили Боливия» (TIBO) таъсис ёфтанд.
Кино. Аввалин филми мустанад дар Боливия соли 1913, нахустин филмхои пурраметражи беовоз соли 1925 («Дили Аймара», коргардон П. Самбарино, «Каромоти кул» ва «Вар-Вара»-и X. М. Веласко Майдана, 1929), овоздор соли 1948 наворбардори шудаанд. Баъди таъсиси Донишкадаи миллии кинематография (1952-67) зиёда аз 400 филми кутохметраж эчод гардид (коргардон X. Санхинес), ки мавзуъхои доги замон, масоили сокинони тахчои ва гайраро дар бар мегирифт. Аз солхои 1990 соле 2-3 филм дар мавзуъхои гуногун (детектив, мазхака, мелодрама, барои кудакон) тахия мегарданд. Коргардонони номи: К. Мерида, X. К. Валдивиа, М. Лоайса, У Ара. Дар Боливия Осорхонаи миллии бостоншиноси (1846), Осорхонаи миллии мардумшиноси ва фолклор (1956), Осорхонаи миллии санъат (1961), Осорхонаи антропологи (1944) ва гайра амал мекунанд.
Китобхонахои бузургтарини Боливия: Китобхонаи милли (1838, шахри Сукра, шуъбааш дар Ла-Пас, дар бинои Конгресси милли), китобхонаи Пажухишгохи фарханги Боливия (Ла-Пас), китобхонаи Донишгохи Сан-Андерс ва гайра.
Матбуот, радио, телевизион. Чопи рузномаи кухантарини Боливия «El Diaro» соли 1904 дар Ла-Пас шуруъ шуда буд. Рузномахои умумидавлатии «а Razon» (1990) ва «La Jomada» (1964), минтакавии «La Prensa» (Ла-Пас), «os Tiempos» (Кочабамба), «El Peber» (Санта-Крус), «Corro del Sur» (Сукре), «El Potosi» (Потоси) нашрияхои маъмули Боливия буда, медиа-маркази «Lider» ба табъ мерасонад. Нашрияи «El Mundo» (Потоси) махсус барои доирахои сохибкори нашр мешавад. Очонсии давлатии «Agencia Boliviana de Informacion» (ABI; 1995, Ла-Пас) танхо аз фаъолияти давлат иттилоъ медихад, «Agencia de Noticias Fides» (ANF, 1963, Ла-Пас) тамоми рузномахо ва радиову телевизионро бо иттилооти дохиилию хоричи таъмин менамояд. Дар Боливия зиёда аз 320 пойгохи радио ва 48 пойгохи телевизион фаъолият доранд. Bolivision (шабакаи 4), «Television Boliviana» (шабакаи 7) телевизионхои маъмултарини давлатианд. Телевизионхои гайридавлатию хусуси, хатто донишгохи фаъолият доранд.
Адабиёт: Новая российская энциклопедия, Т. И. Москва, 2005, Страны мира. Современный справочник. Москва, 2008, М. Шарифзода.