БОЙС Мэри Нора Элизабет (2.8.1920, Дорчилинг, Хиндустон – 2006, Лондон, Англия), олими эроншиноси Британияи Кабир. Падараш дар шахри Калкуттаи Хиндустон додгустар (судя) буд. Бойс дар Донишгохи Кембричи Англия улуми бостоншиноси ва мардумшиноси омухта, аз соли 1944 устоди адабиёти англосаксони ва бостоншиносии Донишгохи Лондон буд, хамзамон омузиши забони форсиро дар назди профессор Владимир Минорски дар мактаби тахкикоти Осиё ва Африко давом дод. Соли 1952 дар Донишгохи Кембрич рисолаи илми дифоъ намуда, аз хамон сол то давраи бознишастагиаш ба хайси профессори мактаби тахкикоти Осиё ва Африко кор кардааст.
Бойс яке аз машхуртарин мухаккикони динхои бостонии ориёихо, бахусус зардуштия ва узви Академияи шоханшохии Дания буд. Чамъияти осиёии шоханшохии Британияи Кабир ва Дания ба хотираи Бойс чоизаи солона таъсис намудааст, ки хамасола ба бехтарин асар дар риштаи пажухиши адён эхдо мегардад. Мухимтарин осори Бойс «Зардуштиён: бовархо ва урфу одатхо», «Таърихи Зардуштия», «Такягохи форсии Зардуштия», «Доирахои Монавия дар Эрон», «Суханварони монавия дар Эрои», «Сохтори сарчашмахои омузиши Зардуштия» мебошанд.
К. Расулиён.