Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОХ

АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОХ

АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОХ Ибни Мухаммад ибни Абдулхамиди Муншии Шерози (соли таваллуд ва вафот но­маълум), адиб, мунши, насрнависи форс-точик (асри 12). Дар дарбори Газнавиён мунши ва дабир буд. Дар охири умраш ба мансаби вазирии Хусрав Малик (хукмронии 1160 – 86/87) ра­сид.

Аз чумлаи корхои муфиди Абулмаолии Насруллох тарчумаи китоби «Калила ва Дим­на» аз араби ба форсии точики мебошад. Вай тарчумам ин китобро аз руи тахрири арабии Ибни Мукаффаъ анчом додааст. Тарчумаи Абулмаолии Насруллох  дар давраи салтанати Бахромшох (хукмронии 1099 – 1115) ба итмом расид. Аз ин чост, ки он бо номи «Калила ва Димнаи Бахромшохи» низ маъруф аст.

Чунонки дар мукаддимаи тарчумаи Абулмаолии Насруллох омадааст, вай кушидааст, бар хилофи мутарчимони дигар, ки аз чихатхои панду ахлокии «Калила ва Димна» сарфи назар кардаанд, мазмуни ахлоки ва фалсафии онро аз нав баркарор намояд. Тарчумаи Абулмаолии Насруллох  аз чихати сабку услуб асари бадеии мустакил аст ва намунаи бехтарини насри асри 12 ба шумор меравад. Абулмаолии Насруллох  шоир низ буд. Дар «Калила ва Дим­на» ва сарчашмахои адаби намунахо аз шеърхои у омадаанд.

Адабиёт: Калила ва Димна, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.