АБРУЙ (соли таваллуд номаълум – катл такрибан соли 585), сарвари шуриши бенавоёни Сугди Поён (Бухоро ва навохии атрофи он) дар солхои 80 асри 6 милод ба мукобили хокимони махалли.
Мувофики маълумоти таърихнигорон Наршахи ва Нишопури шуриши аввал дар Бухоро ва навохии он cap зада, сипас шуришчиён Пайкандро тасарруф намуданд ва Абруй худро хокими Бухоро эълон кард.
Аъёну ашрофи Бухоро ба Хафтруд фирор карданд. Хокони турк Карочурин ба мадади ашрофи Бухоро шитофт ва соли 585 бо сипохаш Бухороро забт кард, аксари шуришгарон ва аз чумла сарварашон Абруйро вахшиёна ба катл расонд.