Маълумоти охирин
Главная / Илм / Организмхои автотрофи

Организмхои автотрофи

Организмхои автотрофи (аз юнони autos — худ ва trophe — хурок), организмхои аутотрофи, организмхоест, ки моддахои органикии барои хаёт зарурро аз моддахои гайриорганики синтез мекунавд. Ро­ли Организмхои автотрофи дар табиат хеле калон аст. Онхо тамоми моддахои органикиро, ки одам ва кариб хамаи хайвонхо синтез карда наметавонанд, хосил мекунанд (нигаред Организмхои гетеротрофи). Ба Организмхои автотрофи растанихои дарачаи оли (гайр аз растанихои паразити ва сапрофити), обсабзхо ва баъзе бактерияхо мансубанд.

Растанихои дарачаи оли ва обсабзхо, ки хлоро­филл доранд, фотосинтетикхо номида мешаванд. Онхо аз пайвастхои содда (гази карбонат ва об) ва энергияи офтоб моддахои органикиро синтез менамоянд (нигаред Фотосин­тез). Бактерияхои автотрофиро, ки моддахои органикиро аз пайвастхои минерали (аз хисоби энергияи баъ­зе реаксияхои химияви) синтез ме­кунанд, хемосинтетикхо меноманд (нигаред Хемосинтез).

Macалан, бактерия­хои хок Nitroaomonas ва Nitrobacter ва аммиакро то намакхои кислотаи нитрат ва нитрит оксид намуда, энергияи хосилшударо барои ташаккули тани худ сарф менамоянд; бактерияхои охан энергияи оксидшавии шаклхои закисии оханро ис­тифода мебаранд; бактерияхои сулфур гидрогенсулфидро то намакхои кислотаи сулфат оксид менамоянд. Роли Организмхои автотрофи барои гардиши моддахо дар табиат багоят калон аст.

Адабиёт: Вернадский В. И., Живое вещество первого и второго порядка в биосфере, Избранное, сочинение, том 5. Москва, 1960.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …