Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Нанкин

Шахри Нанкин

Нанкин Нантсзин, шахрест дар Хитой, дар сохили рости дпрёи Янтстсзи. Маркази маъмурии музофоти Тсзянсу. Ахолиаш 2 млн. нафар (1974). Нанакин узели мухими наклиёт, бандари дарёи, шахри калони саноатист. Со- хахои мухими саноаташ: дастгохсози, турбинасози, истехсоли электро- радиоаппаратура, мошинхои боркаш, мошинхои хочагии кишлок, металлургия, химия (махсусан истехсоли нурихои хи­мияви ва нахи сунъи), семент, бофандаги ва хуроквори. Стансияи электрикии олави хаст. Дар Нанкин ёдгорихои меъмори ва таърихи бисёранд, аз чумла: девори шахри (34 км, асрхои 14—17) ва макбараи Сун Ят-сен (1926—1929). Дар атрофи Нанкин маъдани охан ва ангиштсанг истехсол меку­нанд. Нанкин яке аз марказхои илми ва мадани буда, филиали АФ РХХ, университет, 8 мактаби оли, музей, расад- хона, боги ботаники ва боги хайво­нот дорад.

Нанкин соли 472 то мелод бунёд ёфта, дар замонхои гуногун хар хел лом дошт. Нанкин солхои 1368—1421 пойтахти Хитой, 1421—1911 маркази мулки Тсзяннан, 1853—1864 пойтахти давлати тайпинхо. Аз декабри 1911 то апрели 1912 пойтахти республикаи Хитой, кароргохи хукумати республикави бо сардории Сун Ят-сен буд. Солхои 1912—1927 маркази маъмурии музофоти Тсзянсу, 1927—1946 маркази реаксия ва хокимияти контрреволютсиони, 1946—1949 боз кароргохи хукумати республикаи Хитой. Нанкин 23 апрели 1949 аз гоминданчиён озод карда шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …