Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ НИСБИЯТ

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ, яке аз рукнхои умдаи физика аст; таърифаш: дар хама гуна системаи материалие, ки дар холати оромист ва ё дар харакати ростхаттаи мунтазам аст, хама гуна ходисаи физики (оптики, механики, харорати ва гайра) як хел содир мешавад. Дар ин маврид холати ороми ё худ харакати система нисбат ба системаи capхисоби инерсиали муайян карда ме­шавад, ки ихтиёри интихоб шуда­аст. Аз чихати физики ин ду холат як хеланд. Таърифи дигари Принсипи нисбият, ки ба таърифи аввала хаммаънист: конунхои физика дар хамаи системахои сархисоби инерсиали шаклан якхелаанд. Припсипи нисбият якчоя бо постулате дар бораи ба харакати манбаи рушнои вобаста набудани суръати нур дар вакуум асоси назарияи чузъии нисбиятро ташкил медихад. Ниг. Назарияи нисбият.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …