Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МИНТАКАХОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН

МИНТАКАХОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН

minakai-zaminМИНТАКАХОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН, кисмхои дохилии магнито­сфераи Заминро гуянд, ки дар онхо майдони магнитии Замин заррахои заряднок (протонхо, электронхо, альфа-заррахо)-и энергияи кинетикиашон аз даххо каВ то садхо М.В.-ро нигох медорад. (Дар хавзахои гуногуни Минтакахои радиоакционии Замин энергияи заррахо гуногунанд. Ниг. Замин.) Конфигурация (чойгиршави)-и махсуси хатхои куввагии майдони геомагнити барои заррахои заряднок як навъ доме (доми магнити) буда, заррахои заряднокро аз Минтакахои радиоакционии Замин дур шудан намемонад. Заррахои ба доми магнитии Замин афтода тахти таъсири кувваи Лоренц харакати мураккаб мекунанд; он харакати лаппишнокест аз руи траекторияи спирали кад-кади хатхои куввагии майдони магнити аз Нимкураи шимоли ба чониби Нимкураи чануби ва баръакс. Дар айни замон заррахои мазкур дар атрофи Замин охиста-охиста чой ин аз мекунанд, ки он дрей­фи тули ном дорад (ниг. расм). Вакте ки зарра аз руи спиралхо ба суи афзоиши шиддатнокии майдони магнити (то рафт ба Замини аз дик шуда) харакат мекунад, радиуси спирал ва «кадими» он хурд мешаванд. Вектори суръати зарра бузургиашро тагйир надода ба хамворие наздик мешавад, ки ба самти майдони магнити амудист. Нихоят, зарра дар нукттае (вайро нуктаи оинави меноманд) «инъикос» мешавад. Дар натича зарра ба самти мукобил — ру ба суи нуктаи оинавии хамчояшудаи нимкураи дигари За­мин харакат мекунад. Як лаппиши протони энергияаш 100 МэВ к -Д~М ди хати кувваги аз Нимкураи шимо­ли ба Нимкураи чануби дар муддати 0,3 сон ба амал меояд. Доми гео­магнита чунин протонро то 100 сод нигох дошта метавонад ва протон дар ин муддат  10>0 маротиба мелаппад. Заррахои энергияашон ба­ланд дар «дом»-и магнити ба хисоби миёна то садхо миллион маротиба аз як нимкура ба нимкураи дигар мелаппанд. Сайри (дрейфи) тули бошад, бо суръати нисбатан хело паст ба амал меояд. Заррахо вобас­та ба энергияи худ атрофи Заминро пурра дар фосилахои гуногуни вакт (аз якчанд дакика то шаборузхо) давр зада мебароянд. Ионхои зарядашон мусбат ба самти гарб, электронхо ба самти шарк сайр мекунанд.

Одатан, Минтакахои радиоакционии Замини даруни ва беруни, минтакаи протонхои энергияашон хурд (минтакаи чараёни халкамонанд) ва зонаи квазн забти заррахо ё зонаи радиацияи аврорали (фачри кутби)-ро фарк мекунанд. Аввал минтакаи даруни (аз тарафи гурухи олимони америкои бо рохбарии Н. Ван Аллен, 1958) ва минтакаи беру­ни (аз тарафи олимони совети бо рохбарии С. Н. Вернов ва А. Е. Чу­даков, 1958) кашф гардидаанд. Сели заррахои Минтакахои радиоакционии Заминро бо ёрии асбобхои радифхои маснуи Замин (Хисобкунаки Гейгеру Мюллер) ба кайд гирифтаид. Аслан Минтакахои радиоакционии Замин сархадхои муайян надоранд, чунки хар як навъи зарра мувофики энергияаш минтакаи радиационии «худи»-ро хосил мекунад. Бинобар ин, мафхуми «минтакаи ягонаи радиационии Замин»-ро истифода бурдан дурусттар аст. Ба минтакахои даруни ва беруни таксим намудани Минтакахои радиоакционии Замин низ шартист; чунин таксимот алхол факат ба сабаби дар хоияти онхо вучуд доштани як ка­гор тафовутхо боки мондааст. Эхтимоли дар майдони магнитии За­мон мавчуд будани «дом»-и магнитиро олимон К. Стёрмер (1913) ва X. Альфвен (1950) назарияви пешгири карда буданд. Дар вокеъ, экс­периментон, ки дар радифхои маснуъ гузаронда шуданд, исбот карданд, ки доми магнити вучуд дорад ва бо заррахои баландэнергия нур аст. Минтакахои радиациони дар чараёни тагйирот мебошанд: минтакаи наздизамини (даруни) нисбатан устувор буда, кам тагйир меёбад, минтакаи беруни бошад, бештар тагйир меёбад. Тагйироти минтакаи радиационии дохили ба цикли 11-солаи хуручи Офтоб мувофик меояд. Мин­такахои беруни худуд ва сохти худро хангоми ошубхои на он кадар калони магнитосфера тагйир медиханд. Аз ин нуктаи назар минтакахои протонхое, ки энергияашон хурданд, чои мобайниро ишгол мекунанд. Хусусан дар вакти галабихои магнити Минтакахои радиоакционии Замин сахт тагйир меёбанд. Пошхурии заррахо аз «дом»-и магнити боиси ионизацияи шадиди ионосфера, пошхурии интенсиви бошад, сабаби пайдошпи фачри кутби мегардад. Аммо захираи заррахо дар Минтакахои радиоакционии Замин барои дер давом кардани фачри кутби кофи нест ва ба тагйирёбии сели заррахо дар Минтакахои радиоакционии Замин алокаманд будани фачри кутби далели табиатан умумият доштани онхо мебошад, яъне дар вакти галаёнхои магнити хам чамъшавии заррахо дар Минтакахои радиоакционии Замин ва хам ба атмосфера пошхурии заррахо ба амал меояд. Давомати фачри кутби ба давомати процессхои дар боло зикршуда во­баста аст. Фачри кутби аз як то якчанд шаборуз давом карда метавонад. Ба тарзи сунъи хосил намудани Минтакахои радиоакционии Замин— имконпазир аст _(чунончи, дар вакти таркиши ядрои дар баландихои калон). Мавчудияти Минтакахои радиоакционии Замин хангоми парвозхои дарозмуддати кайхони хавфи калон ба амал меоранд. Сели протонхои дорои энергияи хурд батареяхои офтобиро аз кор бароварда, руйкашхои нафиси оптикиро тира карда метавонанд. Организмхои зиндае, ки дар дохили афинахои кайхони дурудароз дар минтакахои радиациони парвоз мекунанд, аз таъсири протонхои энергияи хурд касалихои шуои гирифтор шуда метавонанд. Гайр аз Замин минтакахои радиачиони дар Муштари хастанд ва шояд дар Зухал ва Аторуд низ бошанд. Минтакахои радиационии Муштари, ки онхоро аппарати кайхонии америкои «Пионер-10» тадкик намуд, аз чихати андоза, иктидори энергетикии заррахо ва зичии чараёнхои заррахо аз Минтакахои радиоакционии Замин дида хеле бузургтаранд. Минтакахои радиационии Зухал бо методхои радиоастрономи ошкор гардидаанд. Бино ба маълумотхои аппаратхои кайхонии сове­ти ва америкои дар Зухра, Миррих ва Мох минтакахои радиациони нестанд. Хангоми аз наздикии сайёраи Аторуд гузаштани стансияи кайхонии «Маринер-10» майдони магнити доштани сайёра маълум гардид. Аторуд низ минтакахои радиациони дошта метавонад.

Ад.: Хесс В., Радиационный пояс и магнитосфера, пер. с англ., М., 1972; Шабанский В. П., Явления в око­лоземном пространстве. М., 1972.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …