Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МЕЗОЗОЙ

МЕЗОЗОЙ

mezozoyМЕЗОЗОЙ, эраи (гурухи) мезозой (аз мезо… ва юн. zoe — хаёт), мархилаи мобайни дар инкишофи Замин — байни эрахои палеозой ва кайнозой. 163 млн сол давом кард. Мезозойро соли 1841 геологи англис Н. Филиппе мукаррар намуд. Мезозой ба ме давра: триас, юра ва табошир таксим мешавад. Ба ин эра харакати пуравчи пасту баланд ва чиндоршавии кишри Замин хос аст. Агар дар охирхои палеозой кисмхои азими аз сатхи бахр баланд ва бо системаи уххои чиндор ихота шудаи материкхо масохати зиёдеро ишгол кар­да бошанд, бо фаро расидани эраи Мезозой фурунишинии онхо якчоя бо трансгрессияи бахрхо cap шуд. Дар давраи юра майдонхои васеи платформахои кадим (дар Европаи Шарки Хиндустон ва Америкаи Чануби) эери оби бахрхо монданд. Дар худуди Европаи Чануби ва Осиёи Чанубу Гapби (фуружамидахои чукур ба вучуд омаданд. Ин гуна фурухамидахо дар худуди укёнуси Ором низ пайдо шуданд. Баланд шудани материхо танхо дар охири давраи та­бошир cap шуд ва масохати бахрхо махдудтар гардид. Процессхои кухпайдошави махсусан дар зонахои геосииклипали равшантар зохир шу­данд. Пастхамихои укёнусхои Атлантик ва Хинд ба вучуд омаданд, ташаккули пастхамихои ук. Яхбастаи Шимоли огоз ёфт. Ба тахнишастхои бахрии триас ва юра табакахои ги­ли сиёх аз вараксангхои гилии кабатхои регсангдошта хосаид. Дар аввалхои табошир дар бахрхо тахнишастхои регсангу гили ва дар лагунахо (мурдобахо)чинсхои тахшинии сурхранг чамъ мешуданд. Дар табошири боло тахнишастхои регсангу глауконити ва чинсхои карбонати (охаксангхо), махсусан фацияхои бури нарм (хатиависи) бештар пахн шуда буданд. Минтакахои иклимии давраи табошир ба давраи хозира наздик бошанд хам, масоха­ти зонахои тропики ва иклимашон муътадил васеътар буд. Дар Эраи Мезозой олами наботот тачдид шуд ва майдонхои зиёди материкхо сабзапуш гардиданд. Дар давраи триас, ки хануз минтакахои фарох ва иклимашон хушки камнаботот вучуд доштанд, лучтухмхо (сузанбаргхо, беннеттитхо ва г.) инкишоф ёфта буданд. Аз растанихои спорадор сархасхо бештар меруиданд. Пайдоиши растанихои пушидатухм ба давраи табошир тааллук дорад ва онхо то имруз боки мондаанд. Дар охири эраи Мезозой дарахтони чинор, гор, тутанчир, аз сузанбаргхо санавбар, санавбар ва секвойя васеъ пахн шуданд. Аз хайвонхои бемухраи оби махсусан нармбаданхои сарпо (аммонитхо, белемнитхо) хе­ле афзуданд; нармбаданхои баргакгалсама ва шикампохо, китфпойхо, марчонхои шашпо ва г. низ буданд. Хазандахои азимчусса (хушкигард — динозаврхо; оби — ихтиозав­ру плезиозаврхо; сусморхои пер­рон — птерозаврхо) ба авчи аълои инкишоф расиданд. Мохихои устухондор хам пайдо шуданд, ки онхо аз чихати намуду шумора ва г. нис­бат ба хамчинсони худ бартарии зиёде доштанд. Ба тахнишастхои эраи Мезозой, гайр аз конхои ангиштсанг ва ангишти бур, инчунин конхои нефт, маъдани охани тахшини, боксит, фосфорит, намаксанг ва г. мансубанд. Бо чинсхои интрузивии нохияхои чиндори минтакаи укёнуси Ором конхои тилло, нукра, мис, сурб, рух ва калъаги алокаманданд, чинсхои кухии гурухи Мезозой дар Точикистони Чанубу Гapби, Маркази ва Помир хеле пахн шудаанд. Конхои ангишти Точикистон (Шуроб, Фон-Ягноб, Киштуд-Заврон, Назарайлок ва г.) дар давраи юраи эраи Мезозой ба вучуд омадаанд. Бо тахнишастхои даврахои юра ва табошир конхои гази Шамбари, Комсомол ва Кизилтумшук вобастаанд.

Ад.: Страхов Н. М., Основы исто­рической геологии, ч. 1—2, М.— Л., 1948; Геология СССР, т. 24 (Таджикская ССР). М., 1959; Левитес Я. М., Историче­ская геологии с основами палеонтологии и геологии СССР. М., 1970.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …